Ёфтаҳои ҷадид дар бораи умри вируси корона бар рӯи сатҳи ашё
Аз ҳамон ибтидои шурӯи ҳамагирии корона дар соли 2019, мутахассисон ҳамвора дар бораи боқӣ мондани ин вирус бар рӯи сатҳи ашё ва интиқоли он ба инсон ҳушдор дода буданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, яке аз пажӯҳишҳои густардаи донишмандон, ки дар марти соли 2020 анҷом шуд, нишон дод Ковид 19 метавонад барои соъатҳо то рӯзҳо бар рӯйи сатҳи ашё боқӣ бимонад .
Бо ин ҳол мутахассисон таъкид доранд интиқоли вирус миёни инсонҳо аз тариқи зарроти хурд танаффуси бештар аз сатҳҳои олуда анҷом мешавад .
Таҳқиқоти ҷадиди донишмандони донишгоҳи Мичиган нишон медиҳад Ковид 19 ба роҳатӣ бар рӯйи ашё монанди калиди барқ(включател) контроли телевизион ва тамоми сатҳҳо, ки бемори мубтало дар хона бо он дар иртибот аст, вуҷуд дорад .
Ёфтаҳои муҳаққиқон баёнгари он аст, ки беморони коронае ки дар бемористон бистарӣ ҳастанд, низ дар 90 дарсади маворид камаш яке аз сутӯҳи атрофи худро олуда кардаанд . Мутахассисон мушоҳида карданд, ки дар бархе маворид ҳатто рӯзҳо пас аз мурраххас шудани бемор аз бемористон ҳануз ҳам бархе сатҳҳо ба Ковиди 19 олуда аст .
Донишмандон мегӯянд агар чӣ дарсади қобили таваҷҷуҳе аз олудагӣ ба корона аз тариқи ҳаво ва қатраҳои рези танаффусӣ рух медиҳад, аммо сутӯҳ низ метавонад яке аз манотиқ олудагӣ бошад ва боиси бемор шудани афрод ба вижа дар муҳитҳои бемористонӣ шавад .