Толибон инфиҷори Багромро ба уҳда гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7750-Толибон_инфиҷори_Багромро_ба_уҳда_гирифт
Толибон масъулияти инфиҷори бомдоди шанберо дар пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром, шимоли Кобул ба уҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 12, 2016 12:18 Asia/Dushanbe
  • Толибон инфиҷори Багромро ба уҳда гирифт

Толибон масъулияти инфиҷори бомдоди шанберо дар пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром, шимоли Кобул ба уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин инфиҷор ҳудуди соати панҷи бомдоди имрӯз, ба вақти маҳаллӣ дар пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багром рӯй дод. Муҳаммад Замон Мамузӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Парвон гуфтааст, то ин лаҳза 3 тан дар ин ҳодиса кушта шуда, шумори захмиҳо низ ба 15 нафар расидаааст.

То кунун манобеи низомии Амрико ба ин ҳодиса вокуниш нишон надодаанд.