Улянов: Дархости эрониҳо барои дарёфти замонат комилан муваҷҷаҳ аст
(last modified 2021-12-04T11:06:38+00:00 )
Декабр 04, 2021 16:06 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Дархости эрониҳо барои дарёфти замонат комилан муваҷҷаҳ аст

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ бо баёни инки даври ҳафтуми музокироти Вена баъд аз вақфае кӯтоҳ аз сар гирифта хоҳад шуд, афзуд, дархости эрониҳо барои дарёфти тазмине, ки монеъи фурӯпошии дубораи БарҶом шавад, комилан муваҷҷаҳ ва мантиқӣ аст.

Михаил Улянов, намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, имрӯз (шанбе) дар “Твиттер”, афзуд: Тамоюли Теҳрон барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии БарҶом муваҷҷаҳ ва мантиқӣ аст, бинобар ин агар Эрон ба тазминҳои бештар ниёз дошта бошад, мумкинаст дар мавриди он баҳс шавад.

Михаил Улянов ҷумъашаб ҳам дар паёме талвеҳан аз матраҳ шудани изҳороти ноумедкунанда дар бораи музокироти Вена дар маҳофили сиёсӣ ва расонаии Ғарб интиқод кард.

Вай дар посух ба паёми хабарнигори Foreign policy, ки изҳороти ноумедкунандаи «дипломатҳои аврупоӣ» дар бораи музокироти Венаро мунъакис карда буд, навишт, барои ноумед шудан хеле зуд аст.

Даври ҷадиди музокироти Вена барои рафъи таҳримҳо ва эҳёи Бар Ҷом аз рӯзи душанбе 29 ноябр дар Вена оғоз шуд ва рӯзи ҷумъа сеюми декабр поён ёфт.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Вена ду санади пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзӯи лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ таҳвили гуруҳи 1+4 дар музокироти Вена дод.

Алии Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон бо баёни инки дар ин нишаст таъкид дошт, ки пешниҳодҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди лағви таҳримҳои ғайриқонӯнӣ ва золимона ва мавзӯи ҳастаӣ рӯи миз аст, афзуд, тарафҳои муқобил эълом карданд, ки барои ироаи посухҳои мустадал, мустанад ва мантиқӣ ба пешниҳодҳои Эрон ниёзманди машварат бо пойтахтҳо ҳастанд.

Бештар бихонед:

Барчасп