Бозгушоии сафорати Олмон дар Афғонистон
(last modified Mon, 06 Dec 2021 07:13:10 GMT )
Декабр 06, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии сафорати Олмон дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Олмон дар умӯри Афғонистон аз бозгушоии сафорати Олмон дар Кобул дар соли ояндаи милодӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон ( ОВО ), Яспир Ваяк-намояндаи вижаи Олмон дар умӯри Афғонистон гуфт : Эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки дар оғози соли 2022 милодӣ кормандони сафорати Олмон ба Афғонистон бозгарданду сафорати ин кишвар дар Кобул бозгушоӣ шавад .

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи « Де Волт »и Олмон низ ахиран гузориш дода буд, ки Маркус Посел-намояндаи Олмон қарор аст дар чанд рӯзи оянда ба Афғонистон сафар кунад, то бо Толибон дар бораи чигунагии азсаргирии фаъолияти дипломатҳои олмонӣ дар он кишвар ройзанӣ кунад .

Пеш аз ин низ Эмануел Макрон-раиси ҷумҳӯри Фаронса изҳор карда буд, ки бо кишварҳои дигари аврупоӣ дар ҳоли ройзанӣ аст то ба зӯдӣ ба таври муштарак як намояндагии дипломотии ҷадид дар Афғонистон доир кунанд .



Бештар бихонед :