Бозгушоии сафорати Олмон дар Афғонистон
Намояндаи вижаи Олмон дар умӯри Афғонистон аз бозгушоии сафорати Олмон дар Кобул дар соли ояндаи милодӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон ( ОВО ), Яспир Ваяк-намояндаи вижаи Олмон дар умӯри Афғонистон гуфт : Эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки дар оғози соли 2022 милодӣ кормандони сафорати Олмон ба Афғонистон бозгарданду сафорати ин кишвар дар Кобул бозгушоӣ шавад .
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи « Де Волт »и Олмон низ ахиран гузориш дода буд, ки Маркус Посел-намояндаи Олмон қарор аст дар чанд рӯзи оянда ба Афғонистон сафар кунад, то бо Толибон дар бораи чигунагии азсаргирии фаъолияти дипломатҳои олмонӣ дар он кишвар ройзанӣ кунад .
Пеш аз ин низ Эмануел Макрон-раиси ҷумҳӯри Фаронса изҳор карда буд, ки бо кишварҳои дигари аврупоӣ дар ҳоли ройзанӣ аст то ба зӯдӣ ба таври муштарак як намояндагии дипломотии ҷадид дар Афғонистон доир кунанд .
Бештар бихонед :
- Муовини муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон: Эрон ва Олмони тавони болои худро дар мудирияти буҳрони корона нишон доданд
- Садри аъзами Олмон: Ислом бахше аз Олмон аст
- Вазири собиқи мухобироти Афғонистон дар Олмон пицца тақсим мекунад
- Омодагии Узбакистон барои мизбонӣ аз музокироти сулҳи Афғонистон