Ноябр 13, 2016 10:49 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии дарёфти пули нақд дар кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд

Коршиносони умури молӣ мегуянд, ки то чанд моҳи оянда заминаи истифода аз кортҳои бонкии ягона дар қаламрави кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои дарёфти пули нақд фароҳам хоҳад шуд.

     Ба гузориши сойти нашрияи русии Известия, масъулини системаи бонкии кортҳои миллии ин кишварҳо, ки таҳти назорати Бонки марказии Русия қарор дорад, дар нишасти ахири хеш дар Ереван-пойтахти Арманистон аз роҳандозии низоми муштараки дарёфти пули нақд дар қаламрави ин 5 кишвар, бо кортҳои бонкӣ хабар доданд.

   Бар асоси ин гузориш, дар ояндаи наздик шаҳрвандони ин 5 кишвар метавонанд бо истифода аз кортҳои бонкии системаи “Мир” дар Русия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бидуни маҳдудият, пули нақди мавриди ниёзи хешро бардошт кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин маврид истифода аз пули миллии ин 5 кишвар мадди назар хоҳад буд, ки шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ҳамонанди кишвари худ метавонанд бидуни маҳдудият иқдом ба бардошти пули нақд аз худпардозҳои бонкӣ намоянд. Ба ин манзур, васли системаи худпардозҳои бонкии ин 5 кишвар ва яксонсозии  кортҳои бонкӣ, роҳандозӣ хоҳад шуд, то заминаи дарёфти осони пули нақд барои шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо дар қаламрави Русия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фароҳам гардад.

   Аз дидгоҳи Алексей Дегтарёв коршиноси умури бонкӣ, нуктаи муҳим дар ин раванд, яксонсозии зерсохтҳои системаи бонкӣ ва худпардозҳо мебошад, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин 5 кишвар ба шакли мутафовит, фаъолият мекунанд ва аз назари истифода аз фановариҳои пешрафта, ниёз ба таҷҳиз ва бозсозӣ доранд.