Декабр 09, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 45 дарсадии мизони ибтило ба корона дар Амрико

Маркази кантроли бемориҳо дар Амрико аз афзоиши 45 дарсадии мизони ибтило ба бемории корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Маркази кантроли бемориҳо дар Амрико эълом кард, дар ҳафт рӯзи гузашта, мавориди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид 19 дар Амрико, ҳудӯди чиҳилу панҷ дарсад афзоиш ёфта ва ба миёнгини 118 ҳазору 747 мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар ҳар рӯз расидааст.

Мавроди фавтии сабт шуда дар Амрико дар бозаи замонии ҳафт рӯзи ахир ба шиддат рӯ аба густариш ва бо афзоиши 80 дарсадӣ ҳамроҳ буда ба тавре, ки ба миёнгини 1 ҳазору  565 фавтӣ дар рӯз расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки барномаи ваксинатсияи корона низ дар Амрико идома дорад. Бар асоси эъломи Маркази кантроли бемориҳо дар Амрико, токунӯн 60,1 дарсад аз ҷомеаи Амрико дар муқобили бемории Ковид 19 комиланً​ ваксина шуда ва ҳар ду дози воксанро дарёфт кардаанд.

Шумори мубталоён ба вируси корона дар Амрико ба 50 миллиону 422 ҳазору 410 нафар афзоиш ёфт ва шумори қурбониёни ношӣ аз ин вирус дар ин кишвар ба 813 ҳазору 904 нафар расид.

 

Барчасп