Декабр 10, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Амрико аз қарордоди сомонаи мушакии С-400 байни Ҳинд ва Русия

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико аз қарордоди сомонаи мушакии С - 400 байни Ҳинду Русия ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико дар изҳороте мудохилаҷӯёна аз Ҳинд хост то хариди сомонаи мушакии С-400 аз Русияро мутаваққиф кунад.

Ин мақоми амрикоӣ дар идомаи изҳороти мудохилаҷӯёнааш гуфт, Амрико аз ҳамаи кишварҳ,о аз ҷумла Ҳинд хоста то аз муомилоти ҷадиди умдаи хариди таслеҳот аз Русия дурӣ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки «Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи душанбеи гузашта гуфт, қарордоди сомонаи мушакии С-400 барои Ҳинд бо вуҷуди талошҳои Амрико барои тазъифи ин қарордод анҷом хоҳад шуд.

Вазорати дифои Русия низ эълом кард, ки Дмитрий Шугаев, раиси Созмони федеролии ҳамкориҳои фаннӣ-низомии Русия ва Канта Раг, муовини умӯри хариди таслеҳотии вазири дифои Ҳинд қарордодеро барои ҳамкориҳои фаннӣ - низомӣ байни ду кишвар то соли 2030 ва дар ҳузур Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ва Раджат Сингх, ҳамтои ҳиндии вай имзо карданд.

Русия ва Ҳиндустон дар соли 2018 қарордоде ба арзиши 5. 5 миллиард доллар барои хариди сомонаи мушакии С - 400 имзо карданд.

Барчасп