Амрико ба дунболи эҷоди иттиҳоди диҷиталии шабеҳи НАТО аст
Муовини аввали дабири Шӯрои амнияти Русия эълом кард: Амрико ба дунболи ташкили як иттиҳоди диҷиталии шабеҳи созмони Паймони Атлантикаи шимолӣ(НАТО) аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Юрий Аверянов, гуфт : Мавзӯи фанновариҳои пешрафта аз ҷумлаи мавзӯъоте буд, ки дар иҷлоси маҷозии демокрасй дар таърихи 9 ва 10 декабр ( 18 ва 19 озар ) мавриди баҳс қарор гирифт .
Аверянов, афзуд : Эдеяи Амрико ин аст, ки агар кишваре мехоҳад Вашингтон онро ба унвони як миллати демократӣ ба расмият бишносад, бояд стандартҳои мавриди назари Кохи Сафед дар заминаи технологиро иҷроӣ кунад .
Вай гуфт : Амрико аз ин тариқ хоҳад тавонист бар интихоботи кишварҳо таъсир гузошта ё расонаҳои ҷамъии онҳоро контрол кунад .
Юрий Аверянов, таъкид кард : Дар воқеъ ، Амрико ба дунболи эҷоди як иттиҳоди диҷиталии шабеҳи НАТО аст ки дар он давлатҳои мустақил аз ҳаққи тасмимгирӣ маҳрум мешаванд ; ин чизе аст ки онҳо ба он демокрасӣ ба сабки Амрикое мегӯянд .
Иҷлоси маҷозии демокрасӣ ба мизбонии Амрико бо ҳузури раҳбарони кишварҳо, фаъолони ҳуқуқи башар ва тоҷирор дар таърихи 9 то 10 декабр ( 18 то 19 озар ) баргузор шуд .
Вашингтон аз 110 кишвар даъват кард, то дар ин иҷлос ширкат кунанд . Чин،Русия,Туркия, ва Мисру теъдодӣ аз кишварҳои дигар ба ин иҷлос даъват нашуданд .