Амрико ҳамчунон саҳнаи эътирозоти мардумӣ ба пирузии Трамп
(last modified Sun, 13 Nov 2016 13:04:31 GMT )
Ноябр 13, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳамчунон саҳнаи эътирозоти мардумӣ ба пирузии Трамп

Иёлотҳои мухталифи Амрико ҳамчунон саҳнаи эътирозоти мардум ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аст.

Рӯзномаи амрикоии Los Angeles Times аз боздошти дастикам 150 муътариз ба пирӯзии  Доналд Трамп дар шаҳри Los Angeles хабар дод.

Дар тазоҳуроти шаҳри Los Angeles, ки ҳазорон нафар дар он ширкат доштанд, муътаризон шиорҳое бо мазмуни “Трамп раисҷумҳури ман нест" сар доданд.

Дастикам як муътариз низ дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар эътироз ба пирӯзии Доналд Трамп дар шаҳри Портланди иёлоти Орегон ба зарби гулула маҷруҳ шуд. Бархе манобеи расонаӣ аз кушта шудани ин муътариз хабар доданд.

Маъмурони полиси Портланд ҳамчунин бо ҳамла ба муътаризон дастикам 26 нафарро боздошт карданд.

Ба дунболи идомаи эътирозҳо ва даргириҳои муътаризон дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, мақомоти ин кишвар бо иттихози тадобири амниятии бесобиқа, парвоз бар фарози бурҷи Трамп дар Ню-Йоркро, ки маҳалли сукунат ва фаъолиятҳои тиҷории раисҷумҳури мунтахаби ин кишвар аст, мамнуъ эълом карданд.

Трамп низ, ки 8-и ноябр бо 290 раъйи элктрал раисҷумҳури мунтахаби Амрико шуд, дар вокуниш ба эътирозҳо дар Твиттер навишт, ин воқеият мояи хурсандӣ аст, ки гурӯҳҳои кӯчаке аз муътаризон барои Амрико шӯру ҳаяҷон эҷод кардаанд. Ин вокуниши Трамп оташи хашми муътаризонро шуълавартар кард.

Бархе мардуми Амрико низ ба шакли дигаре эътирози худро ба пирузии Трамп нишон доданд. Беш аз 3 миллион амрикоӣ бо имзои туморе аз Маҷмаи гузинишгарон (элктрал Коллеҷ) хостанд, орои иёлотҳоро нодида бигирад ва Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи Амрикоро ба унвони раисҷумҳур муаррифӣ кунад.

Илия Берг, таҳиякунандаи ин тумор гуфт, Трамп ба далели друғгуӣ, рафторҳои насанҷида ва таҳоҷумӣ ва собиқаи вай дар тааррузи ҷинсӣ ва низ фиқдони таҷрубаи фаъолияти сиёсӣ, муносиби тасаддии пости раёсатҷумҳурии Амрико нест.

Бархе низ бо таҳияи туморе эҳзори Трамп ба додгоҳ ба далоили сӯирафторро хостор шуданд.

Муътаризон хоҳони расидагӣ ба парвандаи шикоят аз номзади ҷумҳурихоҳон дар таъсиси як донишгоҳ ва фиреби донишҷӯён ҳастанд.

Бархе амрикоиҳо ҳам дар иқдоме намодин бо задани санҷоқи қуфлии кӯчаке бар рӯи пероҳан ва либоси худ, эътирозшонро ба мавозеи Доналд Трамп иброз карданд.

Ин гурӯҳ аз амрикоиҳо бо ин санҷоқ қуфлиҳо мехоҳанд, ҳимояти худро аз ақаллиятҳо, занон, муҳоҷирон ва гурӯҳҳои дигаре аз ҷомеаи Амрико иброз кунанд, ки аз лаффозиҳои ин миллиардери ҷумҳурихоҳ дар давраи корзори интихоботи раёсатҷумҳурӣ осеб дидаанд.