Эътирофи Байден ба сирояти густардаи Омикрон дар Амрико
(last modified Fri, 17 Dec 2021 16:58:59 GMT )
Декабр 17, 2021 21:58 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Байден ба сирояти густардаи Омикрон дар Амрико

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ҳушдор дод, Омикрон аз оғози соли нави мелодӣ бо суръати бисёр бештаре дар Амрико густариш хоҳад ёфт ва танҳо роҳи ҳифозати воқеӣ дар баробари он воксан задан аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз телевизиони Эм Эс Эн Би Си, бо густариши навъи Омикрон дар саросари Амрико, мавориди ибтило ба корона дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.

Муҷрии шабакаи телевизионии Эм Эс Эн Би Си ёдовар шуд, дар ҳоле ки 331 рӯз аз давраи фаъолияти давлати Байден мегузарад ва танҳо 9 рӯз то соли нави мелодӣ боқӣ мондааст, бори дигар шоҳиди сафҳои тӯлонӣ барои озмоиши корона ҳастем.

Вай афзуд, кишвари Амрико акнун дар ҳоле бо афзоиши нигаронкунандаи мавориди ибтилои ҷадид рӯ ба рӯ аст, ки сеюмин сол аз замони шуруи коронаро пеширӯ дорем.

 

Бештар бихонед: