Ибрози умедвории Русия ба натиҷа расидани музокироти Вена дар ояндаи наздик
(last modified Sat, 18 Dec 2021 12:04:49 GMT )
Декабр 18, 2021 17:04 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедвории Русия ба натиҷа расидани музокироти Вена дар ояндаи наздик

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, дар пайи натоиҷи даври ҳафтуми музокироти Вена барои лағви таҳримҳо, Маскав умедвор аст, ки даври ҳаштуми ин музокирот дар муддати кӯтоҳе ва бо тавофуқ ба поён бирасад.

Вазорати умури хориҷаи Русия имрӯз (шанбе) дар ин баёния таъкид кард, тарафайни БарҶом омодагии худро барои анҷоми талошҳои лозим ба манзури поёни даври ҳаштуми музокироти Вена барои лағви таҳримҳо бо дастёбӣ ба як тавофуқи қобили қабули дуҷониба дар муддати кӯтоҳе эълом карданд.

Даври ҳафтуми музокироти Вена барои рафъи таҳримҳои ғайриқонӯнии Амрико 29 ноябр оғоз шуд, ки ҳайати эронӣ ду санади пешниҳодӣ шомили рафъи таҳримҳои золимона ва мавзӯи ҳастаӣ ба тарафи муқобил ироа кард, ки тарафҳои ғарбӣ дархости машварат бо пойтахтҳои худро доштанд.

Пас аз машварати ғарбиҳо бо пойтахтҳои худ, музокирот 9 декабр аз сар гирифта шуд, ки рӯзи ҷумъа (17 декабр) бо баргузории нишасти ихтитомияи Комиссиони муштараки БарҶом ин давр аз гуфтугӯҳо поён ёфт ва қарор шуд пас аз чанд рӯз вақфа, пайгирӣ шавад.

Алӣ Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар музокироти Вена дар поёни даври ҳафтуми ин гуфтугӯҳо, бо таъкид бар инки суръати дастёбӣ ба тавофуқ, бастагӣ ба иродаи тарафи муқобил дорад, гуфт, агар тарафи муқобил дидгоҳҳо ва мавозеъи мантиқии Ҷумҳурии Исломии Эронро бипазирад гуфтугӯҳои давр ҷадид метавонад охирин даври музокирот бошад ва дар кӯтоҳтарин замон ба тавофуқ бирасем.

Бештар бихонед: