Дидори вазирони хориҷаи Туркияву Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Исломобод
Вазирони умӯри хориҷаи Туркияву ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Исломобод-пойтахти Покистон бо ҳам дидор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, Мавлуд Човушуғлӣ дар паёми тветтирӣ дар хусӯси дидор бо Ҷайҳун Бойромов-вазири хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҳафдаҳумини нишасти фавқулоддаи вазирони умӯри хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Исломобод навишт : Дар ин дидор дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба Қафқоз гуфтугӯ шуд ва ду кишвар ба иқдомоти муштарак дар масири оддисозии шароит дар минтақа идома хоҳанд дод .
Ҳафдаҳумини нишасти фавқулоддаи намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ бо ҳадафи баррасии таҳаввулоти кунунии Афғонистон рӯзи гузашта ( якшанбе ) дар Исломобод оғоз ба кор кард ва намояндагони 57 кишвари исломӣ ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар он ҳузур доранд .
Бештар бихонед :