Декабр 21, 2021 15:04 Asia/Dushanbe
  • Русия ба таври расмӣ дар 18 декабри 2021 аз Паймони осмонҳои боз хориҷ шуд
    Русия ба таври расмӣ дар 18 декабри 2021 аз Паймони осмонҳои боз хориҷ шуд

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе ба муносибати хориҷ шудани расмии ин кишвар аз Паймони осмонҳои боз (Treaty on Open Skies), далоили ин тасмимгирӣ ва паёмадҳои ҷиддии вазъияти кунуниро ташреҳ кард. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки короӣ ва муассир будани ин паймони амниятии байналмилалӣ бидуни мушорикати ду тарафи амрикоӣ ва русӣ дар он, ба шиддати таназзул пайдо карда ва ҳавзаи корбурдии он ба мизони 80 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Русия ба таври расмӣ дар 18 декабри 2021 аз Паймони осмонҳои боз, ки нақши муҳимме дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ дар бурҳа пасо Ҷанги сард бар уҳда дошт, хориҷ шуд. Ин иқдоми Маскав вокуниши мустақиме ба иқдоми мушобеҳ аз сӯи Амрико дар заминаи хуруҷ аз Паймони осмонҳои боз қаламдод мешавад.

Richard Weitz, коршиноси сиёсӣ мегӯяд: Хуруҷ аз Паймони осмонҳои боз аз муддатҳо пеш дар Амрико матраҳ буда ва далоили мухталифе дорад, аз ҷумла инки Амрико ба моҳвораҳои қудратманде барои ҷосусии дақиқ аз нуқоти мухталифи ҷаҳон даст пайдо кардааст, ки ҳазинаи он ба маротиб аз иҷрои Паймони осмонҳои боз камтар аст ва аз тарафе Амрико муътақид аст, ки Русия ба шакли дуруст ин паймонро иҷро намекунад.

Маскав борҳо таъкид карда, ки хуруҷи Амрико аз ин паймон ба далоили беасос анҷом гирифт ва ин тасмим, тавозуни манофеи кишварҳои узви онро бар ҳам зада ва короии онро ба шиддат дучори хадша кардааст; лизо дигар наметавон аз Паймони осмонҳои боз ба унвони созу коре барои тавсеаи амнияту эътимодофаринӣ байни аъзои он ёд кард.

Дар воқеъ талошҳои Русия барои ҳифзу идомаи короии Паймони осмонҳои боз, дар шароите, ки Иёлоти муттаҳида аз ин тавофуқнома хориҷ шуда буд, роҳ ба ҷое набурд ва аз сӯи дигар, аъзои аврупоии ин паймон, ки узв НАТО ҳастанд низ аз ироаи тазмин дар заминаи адами ироаи иттилооти бадасти омада дар ҷараёни парвозҳои бозрасӣ дар осмони Русия ба тарафи амрикоӣ, худдорӣ карданд. Бад-ин тартиб Русия дар ростои ҳифзи амнияти миллии худ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна дарзи асрори низомиаш, аз ин паймони муҳим хориҷ шуд.

Аз нигоҳи Маскав, Паймони «осмонҳои боз» Treaty on Open Skies қурбонии рақобатҳои сиёсии дохилӣ дар Иёлоти муттаҳида шудааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури вақти Амрико раванди хуруҷ аз тавофуқоти муҳимми амнияти байналмилалиро оғоз кард ва пас аз хуруҷ аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (IANF) дар гоми дувум, аз Паймони осмонҳои боз низ хориҷ шуд. Бовуҷуди инки интизор мерафт бо рӯи кор омадани Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, Вашингтон таҷдиди назаре дар ин замина анҷом диҳад, аммо руйкарди Иёлоти муттаҳида дар аз байни бурдани тавофуқоти муҳимми байналмилалӣ дар заминаи кантроли таслеҳоту шафофияти иқдомоти низомӣ, ҳамчунон идома дораду давлати Байден аз пайвастани дубора ба Паймони осмонҳои боз худдорӣ кардааст. Чунин мавзеъе бо интиқодҳои гузаштаи Байден аз Трамп бобати хуруҷ аз Паймони осмонҳои боз муғойират дорад.

Бо хуруҷи Русия аз Паймони осмонҳои боз, интизор меравад, ки тақобул байни Русия ва НАТО дар Аврупо беш аз пеш ташдид шавад. Бо тавваҷуҳ ба ташдиди ихтилофот байни ду тараф бар сари Украина, акнун беш аз гузашта эҳтимоли тақобули низомии Русия ва НАТО дар шарқи Аврупо афзоиш ёфтааст. Бо ин ҳол, шавоҳид нишон медиҳад, ки иқдоми Русия бештар вокунише дар муқобила бо иқдоми Амрико ва низ имтиноъи аъзои аврупоии Паймони осмонҳои боз аз ироаи тазминҳои амниятӣ ба Маскав будааст.

 

Бештар бихонед :

Барчасп