Декабр 21, 2021 16:45 Asia/Dushanbe
  • Чин: Дар Амрико ҳазорон шаҳрванд қурбонии бардагии ҷинсӣ ҳастанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, байни 240 ҳазор то 325 зану кӯдак дар Амрико дар ҳоли ҳозир қурбонии бардагии ҷинсӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Жао Лиҷиан, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин бо ташреҳи бархе мушкилоти иҷтимоӣ дар Амрико гуфт, дар чунин шароите Вашингтон беҳтар аст аз иттиҳомзанӣ ба дигарон худдорӣ кунад.

Жао Лиҷиан (Zhao Lijian) бо радди иддаои Амрико дар бораи кори иҷборӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Чин гуфт, ин унвон беш аз ҳар касе шоистаи Амрико аст, зеро наздик ба 500 ҳазор коргари мазраъаи кӯдак дар Амрико вуҷуд доранд.

Вай изофа кард: «Тақрибан 240 ҳазор то 350 ҳазор зану кӯдак дар Амрико қурбониёни бардагии ҷинсӣ ҳастанд ва дар соли гузашта солона наздик ба 100 ҳазор нафар барои кори иҷборӣ ба Амрико қочоқ шудаанд».

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ба масъулони амрикоӣ, ки дар умури дохилии Чин дахолат мекунанд, тавсия карда, тамаркузашонро бар масоили дохилии кишвари худашон қарор диҳанд.

Ӯ гуфт: «Онҳо бояд қадре таваҷҷуҳашонро маътуфи он кӯдаконе кунанд, ки қурбонии кори иҷборӣ шудаанд, боястӣ занону кӯдакони қурбонии бардагии ҷинсиро наҷот диҳанд ва барои он амрикоиҳои африқоитабор, ки аз кори иҷборӣ дар мазореи пахта фавт карданд, гиромидошт баргузор кунанд».

Нашрияи “Fortune” чанд соли пеш навишта буд, ки қочоқи инсон дар Амрико як падидаи ҳамагир аст ва як касбу кори бузург ба ҳисоб меояд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп