Ҳимояти Чин аз пешниҳодҳои амниятии Русия
(last modified Tue, 21 Dec 2021 11:53:51 GMT )
Декабр 21, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Чин аз мухолифати шадиди Пекин бо истиқрори мушакҳои заминпояи Амрико дар минтақаи Осиё-Пасифик хабар дод
    Вазорати умури хориҷаи Чин аз мухолифати шадиди Пекин бо истиқрори мушакҳои заминпояи Амрико дар минтақаи Осиё-Пасифик хабар дод

Вазорати умури хориҷаи Чин зимни мухолифат бо истиқрори мушакҳои Амрико дар минтақаи Индо-Пасифик, аз пешниҳодҳои амниятии Русия ба Вашингтон истиқбол ва онро омили афзоиши эътимоди мутақобил унвон кард.

Вазорати умури хориҷаи Чин дар баёнияе аз мухолифати шадиди Пекин бо истиқрори мушакҳои заминпояи Амрико дар минтақаи Осиё-Пасифик ва ҳамчунин Аврупо хабар дод.

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз Вазорати хориҷаи Чин гузориш дод, Пекин ба вузуҳ ва ба дафаъот, мавозеи худро дар бораи мушакҳои миёнбарди Амрико эълом карда ва дар ҳамаи шаклҳо бо истиқрори онҳо дар Осиё-Пасифик ва Аврупо мухолиф аст.

Ин вазоратхона ҳамчунин аз омодагии Чин барои анҷоми гуфтугӯҳо миёни панҷ кишвари ҳастаии ҷаҳон ва конфронси халъи силоҳи Женева хабар дод то ба ин тартиб саҳми худро дар тазмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ бипардозад. Илова бар ин, Вазорати хориҷаи Чин бо тавваҷуҳ ба пешнависи пешниҳодҳои Русия дар бораи тазминҳои амниятии мавриди ниёз аз ҷониби Амрико ва НАТО ва таъсири онҳо бар суботи роҳбурдии ҷаҳон гуфт: Дар муҳити феълӣ пешниҳодҳои Русия мунтабиқ бар меъёрҳои бунёдини равобити байналмилал аст ва ба афзоиши эътимоди мутақобил миёни кишварҳо кумак мекунад.

17 декабр Вазорати хориҷаи Русия пешнависи тавофуқҳои лозим миёни ин кишвар бо Амрико ва НАТО -ро дар ҳавзаи тазминҳои амниятӣ мунташир кард.

Яке аз хутути сурхи Маскав дар ин пешнавис, лузуми адами узвияти Украина дар НАТО ва ба таври куллӣ таваққуфи тавсеаи Паймони Атлантикаи Шимолии НАТО ба самти Шарқ аст. Русия ҳушдор додааст, ки бетаваҷҷуҳии Амрико ва НАТО ба дархостҳои амниятии Маскав, ба тақобуле ҷадид миёни онҳо мунҷар хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: