Ноябр 14, 2016 11:14 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мақомоти интизомии Русия аз даргирии ду гурӯҳи мафияии тоҷик

Мақомоти интизомии шаҳри Маскав, пойтахти Русия аз эҳтимоли даргирӣ миёни ду гурӯҳи мафияии тоҷикистонӣ ба шиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба иттилои сайти Росбалт, манобеи полиси Маскав гуфтаанд, ки сарони ин ду гурӯҳи мафияии ҷиноии Тоҷикистон ба номҳои Ҳоҷӣ Абдулҷаббор ва Лутфуллоҳ равобите комилан дӯстона бо ҳам доштаанд, аммо аз чанде қабл ин дӯстӣ ба душманӣ табдил шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Лутфуллоҳ ҳамвора аз аххозиҳо ва зӯргириҳои гурӯҳи Ҳоҷӣ Абдулҷаббор ҳимоят ва барои ин кор саҳми молӣ низ дарёфт мекардааст, аммо норизоятии ӯ аз поин будани саҳми хеш муҷиби таниш миёни он ду ва ҷудоии Лутфуллоҳ аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Абдулҷаббор шуда буд.

Лутфуллоҳ, ки то чанд сол қабл фармондеҳи яке аз воҳидҳои вижаи низомӣ дар Тоҷикистон буда ва пас аз истеъфо аз ин симмат ба Маскав омадааст, баъди ҷудоӣ аз Абдулҷаббор бо таъсиси гурӯҳии ҷудогона ба ҷони Ҳоҷӣ Абдулҷаббор сӯиқасд кардааст, ки акнун ин фард дар бемористон бистарӣ аст.

Мақомоти интизомии шаҳри Маскав бо ишора ба таҳдидҳои Ҳоҷӣ Абдулҷаббор мабнӣ бар талофии сӯиқасди Лутфуллоҳ аз он нигарон ҳастанд, ки даргирии эҳтимолии ин ду гурӯҳи мафияии ҷиноии тоҷикистонӣ муҷиби хунрезӣ ва кушта ва захмӣ шудани афрод зиёде шавад ва ҳодисае ба маротиб бадтар аз ҳодисаи гуристони Хованскоеи Маскавро рақам бизанад.

Дар даргирии хунини рӯзи 14-и май имсол дар гуристони Хованскоеи Маскав бо мушорикати беш аз 300 нафар, ки як тарафи ин моҷаро коргарони тоҷик дар ин макон буданд, се нафар кушта, 20 тан захмӣ ва беш аз 90 нафар низ боздошт шуданд.