Русия Гуглро муҷаддадан ҷарима кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i78682-Русия_Гуглро_муҷаддадан_ҷарима_кард
Як додгоҳ дар Русия ширкати амрикоии Гуглро ба сабаби ҳазф накардани муҳтавоҳои мамнуа, ба пардохти ҷаримаи бесобиқаи 87 миллион евро маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
  • Русия Гуглро муҷаддадан ҷарима кард

Як додгоҳ дар Русия ширкати амрикоии Гуглро ба сабаби ҳазф накардани муҳтавоҳои мамнуа, ба пардохти ҷаримаи бесобиқаи 87 миллион евро маҳкум кард.

Як додгоҳ дар Русия имрӯз, ҷумъа ин ҳукми бесобиқа барои ҷаримаи ширкати Гуглро содир кард.

Ин гуна аҳкоми ҷарима дар Русия алайҳи ғӯлҳои диҷиталӣ рӯ ба афзоиш аст.

Ҳукми ҷаримаи 7. 2 миллиардрублӣ (87 миллион евро) алайҳи Гугл дар ҳоле содир шудааст, ки ин ширкат ҳудуди 20 рӯз қабл низ тавассути додгоҳи Русия 14 миллион рубл ҷарима шуд.

Хадамоти матбуотии додгоҳҳои Маскав бо судури баёнияе дар ҳисоби Телеграми худ эълом кард, ин ширкати амрикоӣ ба далели «такрори ҷурм» муҷрим шинохта шудааст, зеро ширкати Google аз сафаҳоти худ муҳтавоҳое, ки дар Русия ғайриқонунӣ аст, ҳазф накарда буд.

Русия ширкатҳои бузурги диҷиталиро ҷарима мекунад, ба ин иллат, ки ширкатҳои ёдшуда муттаҳаманд, ки муҳтавои муртабит бо таблиғи маводи мухаддир, худкушӣ ва мухолифони давлати Русияро ҳазф накардаанд.

Дар моҳи сентябр ва пеш аз баргузории интихоботи парлумонӣ дар Русия, Кремл ширкати Эплро ба ҷамъоварии фурӯшгоҳҳои маҷозиаш дар Русия фаро хонд. Ширкати Эпл ба мудохила дар интихоботи Русия муттаҳам шуда буд.

Дар пайи интишори ин ахбор ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва мухолифон дар Русия иддао карданд, давлат қасд дорад шабакаи миллӣ ва таҳти кантрол ва назорати худ эҷод кунад, иддаое, ки мақомоти Русия онро такзиб кардаанд.

 

Бештар бихонед: