Тирандозӣ дар иёлати Канзаси Амрико ; 2 афсари полис захмӣ шуданд
Полиси шаҳри Вичита " Wichita дар иёлати Канзаси Амрико аз захмӣ шудани 2 афсари полиси ин шаҳр дар ҷараёни як тирандозӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, полиси шаҳри Вичита эълом кард: 2 афсари полиси ин шаҳр, ки дар соъоти аввалияи рӯзи шанбе дар пайи дарёфти тамосе дар бораи хушунати хонагӣ дар як апартамент ба саҳна сафарбар шуда буданд, ба зарби гулӯлаи фарди мусаллаҳ захмӣ шуданд.
Фарди муҳоҷим низ пас аз ин тирандозӣ даст ба худкушӣ зад.
Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯбарӯ аст .
Солонаи ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ ҳудуди 270 то 300 миллион қабзаи силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад ; яъне тақрибан ба ивази ҳар нафар як аслиҳа дар ин кишвар ёфт мешавад.