Ноябр 14, 2016 17:24 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 36 тан аз уламои динӣ дар вилояти Нангарҳор

Гурӯҳи террористии ДИИШ, токунун 36 тан аз уламои диниро дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ба қатл расондааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Муллозоҳир Ҳаққонӣ, раиси Созмони ҳаҷ ва авқофи вилояти Нанагарҳор, гуфт, аз замони ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи Шинвор, токунун 36 тан аз уламои динӣ ва имомони масоҷиди вилояти Нангарҳор ба дасти ин гурӯҳи террористӣ, кушта шудаанд.

Муллозоҳир Ҳаққонӣ афзуд, дар пайи мавҷи қатли уламои динӣ дар вилояти Нангарҳор, уламо ва имомони ҷамоат дигар дар масоҷид ҳозир намешванд. Раиси Созмони ҳаҷ ва авқофи вилояти Нангарҳор таъкид кард, уламои манотиқи Шинвор, афзоиши амалиёти низомӣ ва саркӯби гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин манотиқро хосторанд.