Байден лоиҳаи буҷети низомии 770 миллиарддолларии Амрикоро имзо кард
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе лоиҳаи буҷети низомии 770 миллиарддолларии ин кишвар барои соли 2022-ро имзо ва онро ба қонун табдил кард.
Лоиҳаи мавсум ба қонуни ихтиёроти дифои миллии NDAA (буҷети низомӣ)-и Амрико дар соли 2022 пеш аз ин (дар авоили моҳи ҷории мелодӣ) дар маҷолиси намояндагон ва сенати Амрико бо аксарияти оро ба тасвиб расида буд.
Дар лоиҳаи мавсум ба қонуни ихтиёроти дифои миллии NDAA ( буҷети Низомӣ ) Амрико дар соли 2022 бар маҳори Чин ва Русия, кумак ба Украина, навсозии барномаи ҳастаӣ, иртиқои вазъияти ҷав ва муқобила бо таҳдидҳои навзуҳури биологӣ таъкид шуда буд.
Бахше аз барномаи Пентагон барои муқобила бо Русия ва Чин шомили сохти силоҳҳои Hypersonic (Фаросавт) ва тақвияти новгони дарёии ин кишвар бо зердарёиҳои муҷаҳҳаз ба мушакҳои боллистики аст.
Бкҷети низомии Амрико дар соли 2021баробар бо 740. 5 миллиард доллар ва дар соли 2020 баробар бо 738 миллиард доллар буд.