Декабр 29, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозҳои Трамп ба натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико гуфт: Беш аз 5 ҳазор раъй ба касоне тааллуқ гирифт, ки қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 фавт карда буданд.

Ба гузориши хабаргузории Гардиан, Ҷорҷиан яке аз иёлатҳои аслӣ аст, ки Доналд Трамп дар рақобат бо Ҷо Байден дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Амрико дар он шикаст хурд, бештари мақомоти ин иёлат номи чаҳор нафар аз афроде, ки ба унвони раъйдиҳанда сабт шуда будро дар миёни афроди фавтшуда таъйид карда буданд.

Мақомоти Амрико мегӯянд ҳатто агар иддаои Трамп дар мавриди тахаллуф дар интихобот дар Ҷорҷиан ҳақиқат ҳам дошта бошад боз Ҷо Байден дар ин иёлат мизони раъйи бештарро касб карда аст.

Гуфта мешавад Трамп ин рӯзҳо масъулони иёлати Ҷорҷианро таҳти фишор қарор дода то ӯро барои исботи иддаояш мабнӣ бар тақаллуби густарда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар ин иёлат ҳамроҳӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар изҳороте дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт: 5000 мурда дар Ҷорҷиан раъй доданд, ман фикр мекунам ин рақам ҳатто бештар ҳам бошад, дар Мичиган ҳам ҳамин иттифоқ уфтод, беш аз 18 ҳазор мурда раъй доданд, ин рақамҳо хеле зиёд аст.

 

Барчасп