Путин ва Трамп музокира карданд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7933-Путин_ва_Трамп_музокира_карданд
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили мавриди алоқаи ду тараф ва авзои Сурияро баррасӣ карданд ва беҳбуди муносиботи ду кишварро хостор шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 15, 2016 12:08 Asia/Dushanbe
  • Путин ва Трамп музокира карданд

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили мавриди алоқаи ду тараф ва авзои Сурияро баррасӣ карданд ва беҳбуди муносиботи ду кишварро хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин гуфтугӯи телефонӣ раиси ҷумҳурии Русия омодагии ин кишварро барои барқарории мушорикати роҳбурдӣ бо давлати ҷадиди Амрико бар асоси усули баробарӣ ва эҳтироми мутақобил ва мудохила накардан дар умури дохилии якдигар эълом кард.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, Путин ва Трамп вазъи кунунии равобити Русия ва Амрикоро комилан ғайриризоятбахш хонданд ва талошҳои муштарак барои беҳбуди муносибот, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар ҳаллу фасли буҳрони Сурияро хостор шуданд.

Ду тараф ҳамчунин бо ёдоварии ин ки равобити дипломатии ду кишвар соли оянда 210 сола мешавад, таъкид карданд, ки ин муносибат бояд замина ва ангезаи бозгашти ҳамкориҳо ба масири созанда ва воқеъгароёнаро фароҳам кунад.

Трамп дар рақобатҳои интихоботӣ афзун бар таҳсини Путин ба унвони як раҳбари қудратманд дар баробари Абама, мавозеи дӯстона дар баробари Русияро ҳатто ба масоили байналмилалӣ кашонанд ва таомули ҳамроҳ бо коҳиши таниш байни Вашингтон ва Маскавро судманд хонд.

Равобити Маскав ва Вашингтон аз соли 2014 то кунун ба пойинтарин сатҳ ва ба даврае аз ҷанги сард расидааст.