Ноябр 15, 2016 17:17 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷунбиши арабии Тағйир ва намояндаи араби Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба мусаввабаи зидди азон дар кабинаи режими ишғолгар, дар дохили Кнессет азон гуфт.

Ба иттилои Маркази иттилоърасонии Фаластин, Аҳмад Алтайибӣ, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро мушаввиқ ва муҳаррики аслии қонуни мухолифат бо азон ва омили аслии тарвиҷи исломҳаросӣ ва таблиғ алайҳи мусалмонон хонд.

Вай бо ишора ба тавтеаи ишғолгарон алайҳи масоҷид ва калисоҳо дар Фаластини ишғолӣ, азонро бахше ҷудонашуданӣ аз қазияи Фаластин донст.

Кумитаи вазоратии кабинаи режими саҳюнистӣ асри якшанбе бо пешнависи қонуни ҷилавгирӣ аз пахши азон аз масоҷиди Қудс мувофиқат кард ва қарор аст, ин қонун барои тасвиби ниҳоӣ ба Кнессет ироа шавад.

Аҳмад Алтайибӣ ин қонунро нишон аз вуҷуди нигариши фашистӣ дар Исроил донист.

Вай афзуд: Азон бахше аз Фаластин ва бахше аз шиорҳои динии мост, аммо Нетаняҳу ва кабинаи ростгарояш ба баҳонаи инки садои баланди азон ононро озор медиҳад, онро ҳадаф қарор додаанд.

Ин узви Кнессет афзуд: “Нетаняҳу бар ин бовар аст, ки ҳар коре бихоҳад, мекунад, аммо азон гуфтани ман дар Кнессет ба намояндагӣ аз ҳамаи фаластиниён ва дар мухолифат бо чунин тасмиме аст, то таъкид кунам, азон, масоҷид, Масҷидулақсо ва калисоҳо қабл аз Бенямин Нетаняҳу вуҷуд доштааст ва пас аз ӯ низ вуҷуд хоҳад дошт”.