Пекин: Демократияи амрикоӣ яъне маҳрум кардани дигарон аз ҳуқуқашон
(last modified Tue, 11 Jan 2022 11:16:30 GMT )
Январ 11, 2022 16:16 Asia/Dushanbe
  • Пекин: Демократияи амрикоӣ яъне маҳрум кардани дигарон аз ҳуқуқашон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин эълом кард, демократияи амрикоӣ, яъне маҳрум кардани дигарон аз ҳуқуқашон барои таъмини манофеъи Амрико.

Ванг Венбин дар конфронси ҳафтагии худ бо ишора ба сафари вазирони хориҷаи Шурои ҳамкории Халҷи Форс ва Дабири кулли ин ниҳод ба Чин, бар таъмиқи равобити чанҷониба ва афзоиши ҳамкориҳо таъкид кард, суханги Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин дар бораи дархости Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири давлати мувақати Толибон барои дарёфти кумкҳои башардустон бидуни ҷонибдории сиёсӣ ва ин ки таҳримҳои Амрикоро золимона хонда буд гуфт: Гарчӣ неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд, аммо оқибати ин ишғолгарии низомии 20 сола бо шиддат фазоянда боқи монда аст.

Ванг Венбин афзуд, Амрико ба унвони муқасири буҳрони Афғонистон, набояд ба осонӣ шона холи кунад чи расад ба ин ки таҳримҳои якҷонибаро барои бадтар кардани вазъият барои иқтисод ва маъишати афғон эълмол намояд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин дар бораи гузориши анҷумани қабилаҳои бумиёни амрикоии Шушуни, ки бар асоси он давлати Амрико беш аз 900 озмоиши ҳастаӣ дар арозии онҳо анҷом дода ва барои поксозии қавмӣ талош кард низ гуфт, ба гуфтаи ин қабила, ин барномаи озмоишӣ ҳазорон нафарро кушта ва бисёри дигар ба анвоъи саратонҳо ва бемориҳо мубтало шуданд, аммо давлати Амрико намехоҳад паёмадҳои номатлуби он бар саломатиро барраси кунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар поён мутамаркиз шуд, ки Амрико бояд аз истифода аз ҳуқуқи башар ба унвони силоҳе барои интиқод аз дигар кишварҳо даст бардорад.