Ҳуҷуми Омикрон ба саросари Амрико бар асари мудиряти нокоромад
Ба изъони коршиносони амрикоӣ дар ҳоле, ки густариши нави Омикрон ба саросари Иёлоти Муттаҳида ҳуҷум оварда аст нокоромадии мудирияти давлат дар занҷираи таъмини маҳсулот, фурӯшгоҳҳои ин кишварро аз мояҳтоҷи зарурии мардум холӣ карда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қафасаи фурӯшгоҳҳо бори дигар дар бархе аз минтақаҳои Амрико бар асари густариши Омикрон холӣ шудаанд; на мева, на гӯшт ва на маҳсулоти беҳдоштӣ, ҳеҷ кадом ёфт намешавад. Гӯё туфони саҳмгин бар бахши мева ва сабзиҷоти ин даста аз минтақаҳои Амрико гузар карда ва гӯшти гов ва мурғ низ камёб шуда аст, агар чи дар ҳоли ҳозир дастмоли коғазӣ, ки дар авоили шурӯъи ҳамагирӣ ноёб шуда буд, ёфт мешуд.
Потрик Панфилд, устоди занҷираи таъмини донишгоҳи Сиракузи Амрико муътақид аст: Омикрон ба далели қудрати сироятии зиёд ба саросари Амрико ба таври ҳамзамон ҳуҷум оварда аст, зеро хоруборфурӯшиҳо ва тавлидкунандагони маводи ғизоӣ бо нерӯи корӣ даступанҷа нарм мекунанд ё беморанд ё дархости қарантина доранд.
Дар ҳамин ҳол камбуди нерӯи корӣ ба занҷираи таъмини ғизо дар Амрико зарбаи сангин ворид карда аст ва ин кишвар ба далели Омикрон, қодир ба тавлиди маводи ғизоӣ ба андозаи ниёзи мардуми худ нест. Ҳамчунин нерӯи кофӣ барои пахши маҳсулот ва расондани онҳо ба қафасаҳои фурӯшгоҳҳо вуҷуд надорад.
- Аз сӯи дигар Кети Денис муовини пажӯҳиш ва иртибототи анҷумани брандҳои масрафкунанда (Consumer Brands Association) бо баёни ин ки ин мушкилот реша дар масоили гузашта доранд, хотирнишон кард: Замони он аст, ки сарони Вашингтон бар иқдомоти муассиртар мутамаркиз шаванд.
- Давлати Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико, ки ин рӯзҳо бо буҳрони афзоиши теъдоди мубталоён ба навъи Омикрони вируси корона дасту панҷа нарм мекунад, ба иллати камбуди зиёди коркунони бемористонӣ, шаш тими пизишкии низомӣ ба бемористонҳои мамлу аз беморони коронаӣ гусел дошта аст.