Январ 17, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Мухолифони Ҷонсон мегӯянд ин иштибоҳот, нишон медиҳад ,ки ӯ интихоби муносибе барои нахуствазирӣ нест.
    Мухолифони Ҷонсон мегӯянд ин иштибоҳот, нишон медиҳад ,ки ӯ интихоби муносибе барои нахуствазирӣ нест.

Пас аз аланӣ шудани расвоиҳои давлати Британия ва шахси Борис Ҷонсон нахуствазири ин кишвар,"Кейр Стармер" раҳбари Ҳизби коргар хостори истеъфои нахуствазир шуд.

Стармер бо ишора ба ин ,ки иқдомоти нахусвазири Британия, эътимоди мардум ба давлатро тазъиф карда ва тавони вайро барои ҳидояти кишвар коҳиш додааст, таъкид кард ,ки ихроҷи Ҷонсон аз самти нахуствазири ба суд ва манофеъи Британия аст.

Дархост барои барканории  Борис Ҷонсон аз қудрат дар ҳоле баргузор мешавад ,ки тайи моҳҳои ахир, ифшогариҳои расонаӣ нишон медиҳад ҳангоме,ки аксарияти болое аз мардуми Британия дар ҳоли пайравӣ аз қонуни давлат дар хусуси карантин  будан, давлат ва шахси нахуствазир дар сохтмони шумораи 10 Довнинг Стрит меҳмонӣ баргузор карда буданд.

Рӯзномаи "Гордиян" чанде пеш аксе аз Ҷонсон ва беш аз даҳҳо нафари дигарро дар боғи маҳалли сукунати нахуствазир дар хиёбонӣ Довнинг мунташир кард,ки ба навиштаи ин рӯзонама ,дар тӯли карантинаии корона дар моҳи майи соли 2020 гирифта шуда буд. Дар он замон, давлати Британия ба шаҳрвандони ин кишвар гуфта буд,ки фақат метавонанд бо як нафар дар як макони умумӣ дар фазои боз бо ҳифзи фосилаи думетрӣ мулоқот кунанд.

Ҳамзамон бо афзоиши эътирозҳо ба амалкарди Ҷонсон,ки коҳиши ҳимоят ва маҳбубияти Ҳизби муҳофизакорро ба дунбол доштааст,Ҷонсон маҷбур ба узрхоҳӣ шуд. Аммо акнун интишори хабари дигаре мабнӣ  бар меҳмонии давлати ин кишвар як рӯз қабл аз хок супории "Флип Дуке  Эдинбург",ҳамсари маликаи "Элизобетаи дуввум" бори дигар ҷанҷол офаридааст, ба тавре ,ки бархе истеъфои Ҷонсун нахуствазири ин кишварро хостор шуданд.

Дар вокуниш ба ин мавҷи дархостҳо барои канорагирӣ пас аз расвоиҳои мавсум ба " Португате"  Ҷонсон акнун дар талош аст ба ҳар шакли имумкин,симмати худро ҳифз кунад.Дар ин замина, Ҷонсон зимни узрхоҳӣ, дар ҳоли таҳияи феҳристе аз асомии аъзои давлат аст, то ба онҳо пешниҳоди истеъфо диҳад.

Дар ин замина" Индипендент" навишт: Ҷонсон номи ин тарҳро " амалёти наҷоти саги бузург"(наҷоти шахси барҷаста ва муҳим)гузоштааст,ки зоҳиран хуруҷи эҳтимолии "Дан Рузенфелд" раиси дафтари нахусвазир ва "Мартин Рнулдез"  муншии хусусии вайро низ шомил мешавад.

Ин шароит дар ҳоле аст,ки тайи моҳҳои ахир афзоиши мушкилоти иқтисодӣ, камбуди сӯхт, таниш дар равобити сиёсии Британия бо Аврупо, моҷарои таъмини молӣ, бозсозии муқаррари сохтмони нахуствазирӣ ва ҳамчунин,мавзӯъи мудирияти корона низ сабаби интиқодоти бисёреи нисбат ба амалкарди Ҷонсон ва Ҳизби муҳофизакор шудааст. Натоиҷи тозатарин назарсанҷиҳо нишон медиҳад беш аз 66 дарсад аз тарафдорони Ҳизби муҳофизакор ва шахси Борис Ҷонсон ҳамакнун тарафдори Ҳизби рақиб яъне Ҳизби коргар ҳастанд.

 Андрев Бридген намояндаи муҳофизакори парлумони Британия дар ин замина ба Ҷонсон ҳушдор дод ва гуфт: Замони  муттаҳидони вай дар ҳоли тамом шудан ҳаст, аз инрӯ ,таҳаққуқи ваъдаҳои нахуствазир  дастёби ба усули як давлати муҳофизакори ҳақиқӣ,сахттар шудааст.

Ҷонсон ,ки бо ихтилофи қобили таваҷҷуҳе,пирӯзи интихоботи 2019 буд, дар холи ҳозир ва бо иштибоҳот ва расвоиҳои мукаррар, бо бузургтарин буҳрони даврони нахуствазирии худ мавоҷеҳ аст. Мухолифони Ҷонсон мегӯянд ин иштибоҳот, нишон медиҳад ,ки ӯ интихоби муносибе барои нахуствазирӣ нест. Аз ин рӯ, ба назар мерасад Ҷонсон ва Ҳизби муҳофизакор масири сахтеро барои ҳифзи ҷойгоҳ ва эътибори худ дар Британия ва дар интихоботи парлумонии оянда,пеши рӯ дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп