Ноябр 16, 2016 12:35 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Кобул бо 15 кушта ва захмӣ

Инфиҷори интиҳории наздики Созмони амнияти миллии Афғонистон субҳи имрӯз 4 кушта ва 11 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ин инфиҷор субҳи имрӯз дар минтақаи пули Маҳмудхони шаҳри Кобул рӯй дод.

Нерӯҳои амниятӣ пас аз ин инфиҷор билофосила тамомии роҳҳои мунтаҳӣ ба пули Маҳмудхонро бастанд.

Манобеи амниятӣ дар Кобул мегӯянд, ки фарди муҳоҷим бо кубидани худаш ба мотори ҳомили кормандони бахши муҳофизат аз мақомот, худашро мунфаҷир кард.

Гуфта мешавад, ки дар миёни қурбониён ду ғайринизомӣ вуҷуд дорад.

Токунун ҳеч фард ё гурӯҳе масъуляти ин рӯйдодро бар уҳда нагирифтааст.

 

Барчасп