Январ 20, 2022 22:30 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми танишзоии Амрико бо Русия

Раиси Ҷумҳурии Амрико бори дигар иддаоҳо дар бораи ҳамлаи Русия ба Украинаро такрор ва бар ҳамин мабно ба таҳдиди Маскав пардохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико ҳамзамон бо афзоиши танишҳо миёни Вашингтон ва Маскав, Русияро таҳдид кард агар танишҳо дар бораи Украинаро ташдид ва ба ин кишвар ҳамла кунад бо фоҷеъа мувоҷеҳ хоҳад шуд.

  • Раиси Ҷумҳурии Амрико бо идаои ин ки Русия дар сурати ҳамла ба Украина мутаҳамили хисорати ҷонӣ ва моддӣ хоҳад шуд, гуфт албата фикр намекунам Путин хоҳони ҷанги ҳамаҷониба бошад аммо агар Русия таслиҳоти атомӣ мусақар кунад мо ҳам неруҳои худро дар Украина, Лаҳистон, Руминия тақвият хоҳем кард.
  • Байден бо баёни ин ки набояд иддаоҳо дар бораи муттаҳид набудани НАТО дар хусуси Украинаро бовар кард, гуфт: Мо муттаҳидони худ дар НАТО-ро тақвият хоҳем кард. Агар Русия ба Украина ҳамла кунад уро посухгуи иқдомаш мекунем.
  • Байден бо таҳдиди Путин ба таҳрим низ иддао кард: Ӯ ҳаргиз таҳримҳои монанди ончи, ки ман қавл додамро надида аст ва дар сурати ҳамла ба Украина бонкҳои Русия дигар наметавонанд бо доллар муъомила кунанд.

Украина, Амирко, НАТО ва бархе ҳампаймонони ғарбии Вашингтон дар ҳоле муддаӣ ҳастанд, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад, ки мақомоти олии Маскав борҳо ба сароҳат эълом карданд чунин барномае дар дастури кори Кремл нест.

 

Барчасп