Январ 22, 2022 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Русатом ва Арманистон дар мавриди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ тавофуқ карданд
    Ширкати Русатом ва Арманистон дар мавриди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ тавофуқ карданд

Ширкати Русатом ва Арманистон дар мавриди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ тавофуқ карданд .

Ба гузориши радиои умумии Арманистон, тафоҳумномаи сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дируз ҷумъа тавассути Евгений Пакерманов -раиси ширкати саҳҳомии Русатом Оверсис ( бахше аз ширкати давлатии Русатом ) ва Эдвард Мартиросян -мудири кулли нерӯгоҳи ҳастаии Арманистон имзо шуд .
Тарафайн омодагии худро барои баррасии имкони сохти воҳидҳои ҷадиди энержии ҳастаӣ тавассути Русия дар Арманистон эълом карданд.

Евгений Пакерманов хотирнишон кард: Ҳамкории Маскаву Ереван дар заминаи энержии ҳастаӣ илова бар кумак ба тавсеъаи Арманистон мӯҷиби тақвияти равобити байни ду кишвар хоҳад шуд .

Ба гуфтаи Эдвард Мартиросян нерӯгоҳи ҳастаии мавҷуд дар Арманистон 40 дарсади энержии мавриди ниёзи ин кишварро таъмин мекунад .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп