Январ 25, 2022 11:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз рӯзи душанбе размоишеро дар Баҳри Миёназамин оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, размоиши НАТО дар Баҳри Миёназамин бо номи "Neptune Strike 22" то 4 феврал идома хоҳад дошт.

НАТО дар баёнияе эълом кард, киштиҳои ҷангии фармондеҳии неруи пуштибонии дарёии НАТО ва новгони шашуми Амрико дар ин размоиш ҳузур доранд.

Баргузории размоиши НАТО дар Баҳри Миёназамин дар ҳоле аст, ки танишҳо миёни Ғарбу Русия ба шиддат боло гирифтааст.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи душанбе аз тақвияти неруҳои НАТО дар шарқи Аврупо хабар дод.
Давлати Украина низ эълом кард, дувумин маҳмӯлаи силоҳ аз Амрикоро ба унвони бахше аз кумакҳои низомии Вашингтон ба арзиши 200 миллион доллар дарёфт кардааст.
Амрико дар канори муттаҳидони худ дар НАТО ва ҳамнаво бо давлати ғарбгарои Украин дар ҳафтаҳои ахири Рӯсияро муттаҳам ба омодагӣ барои ҳамла ба Украина кардаанд.
Дар муқобил Русия иттиҳомоти Ғарб дар бораи қасди Маскав барои ҳамла ба Украинаро рад карда ва Амрико ва муттаҳидони аврупоиашро ба ташдиди омидонаи танишҳо муттаҳам кардааст.

Аз назари мақомоти Маскав, НАТО дар ростои афзоиши таниш ва бидуни дар назар гирифтани хос ва манофеи Маскав амал мекунад, чунон ки пас аз бурузи буҳрони Украина, кишварҳои узви НАТО дар шарқи Аврупо, раванди таҷдиди қуво ва истиқрори густардаи неруҳои низомии худро бавижа дар ду ҳавзаи балтик ва Дарёи Сиёҳ афзоиш доданд. Ин мавзӯ эътирози густардаи Маскавро дар пай доштааст.

Мавзӯи дигар, ки ҳамвора интиқоди Маскавро дар пай дошта, талоши мустамари НАТО барои пешравӣ ба сӯи шарқ ва узвияти кишварҳои марказу шарқи Аврупо, аз ҷумла ҳамсояҳои Русия монанди Украина ва Гурҷистон дар ин созмон будааст. Русия тавсеаи НАТО ба самти шарқро ба унвони таҳдиде алайҳи амнияти миллии худ арзёбӣ карда ва рӯйкарди НАТО барои густариши аъзои ин паймони низомиро омили ташдиди танишҳо медонад.

 

Барчасп