Эътирофи Вашингтон ба шикасти фишори ҳадиаксарӣ зидди Эрон
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ба шикасти кампайни фишори ҳадиаксарии зидди Эрон эътироф кард.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Нед Прайс сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар нишасти хабарии рӯзонаи худ бо интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп зидди Эрон гуфт: Кампайни фишори ҳадиаксарии зидди Эрон, ки тавасути давлати пешини Амрико иҷро шуд шикаст хурдааст.
Прайс дар идома гуфт, Трамп ваъда дода буд, ки бо эҷоди фишори ҳадиаксари зидди Теҳрон метавонад ба як тавофуқи беҳтар ба Эрон даст ёбад ва ҷомеъаи байналмиллалиро низ зидди Эрон муттаҳид кунад, ки албата амалӣ нашуд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин дар вокуниш ба суханони Роберт Малли фиристодаи вижаи Амрико дар умури Эрон, ки гуфта буд: Баъид аст Амрико барои наҷоти тавофуқи ҳастаи 2015 бо Эрон ба як тавофуқи ҷадид даст ёбад магар он ки Теҳрон 4 шаҳрванди амрикоиро, ки ба гаравгон гирифта аст озод кунад, гуфт: Озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эрон ва бозгашт ба тавофуқи ҳастаиро ба якдигар рабт намедиҳем.