Январ 27, 2022 13:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи фасодзотарин кишварҳои ҷаҳон

Созмони шаффофияти байналмиллалӣ асомии фасодзотарин кишварҳоро мунташир кард.

Дар ин феҳраст 180 кишвар қарор дорад. Тоҷикистон  рутбаи 150-ро дар ин феҳраст ба худ ихтисос дод. Соли гузашта дар раддаи 149 қарор дошт.

Имсол фақат Узбакистон тавонистааст ҷойгоҳи худро дар Осиёи Марказӣ ду зина беҳбуд бахшад.

Ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар рутбаи 140 қарор дорад.

Қазоқистон, ки ҳамеша дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар беҳтарин ҷойгоҳ қарор дошт бо як зина суқут дар ҷойгоҳи 102 қарор гирифт.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фақат Туркманистон дар рутбаи 165 қарор дорад.

Кишварҳои Донморк, Зелландияи Нав, Финландия (ҳар кадом 88 имтиёз) Норвеж, Сингопур ва Шветсария (85 имтиёз) камтарин фасод доранд.

Дар байни кишварҳои Шуравии собиқ Эстония-74 имтиёз, Литва-60 имтиёз, Гурҷистон-56 имтиёз, Беларусия-45 имтиёз, Қазоқистон-34 имтиёз, Молдавия-32, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина-30 имтиёз, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон 25 имтиёзӣ касб карданд.

Дар ин феҳраст фосидтарин кишварҳо Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ ва Сурия ҳастанд.