Нигаронии давлати Амрико аз паёмадҳои таҳримҳои Русия
(last modified Sat, 29 Jan 2022 14:11:42 GMT )
Январ 29, 2022 19:11 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии давлати Амрико аз паёмадҳои таҳримҳои Русия

Аъзои Шӯрои амнити миллӣ ва дигар мақомҳои аршади давлати Амрико дар рӯзҳои ахир бо мудирони Бонкҳои бузури ин кишвар аз ҷумла Сити Груп, Бонки Амрико, Чипи Морган чис ва Голдмон сакс гуфтугу карданд.

Торнамои Бломберг дар гузорише ба нақл аз манобеъи огоҳ навишт: Вашингтон ба бонкҳо эълом кард, ки давлат аз эҳтимоли таъсири ҷаҳонии осори таҳримҳои оянда нигарон аст.

  • Дар гузориши Бломберг омада аст, дар соли 2018 таҳримҳои Амрико зидди Русия дар занҷираи таъмини ҷаҳони Алюминий халал эҷод кард ва қимати ин фулузро 30 дарсад афзоиш дод.
  • Бонкҳои амрикоӣ  ҳузури нисбатан маҳдуде дар Русия доранд ва аз миёни се бонки бузурги амрикоӣ танҳо Ситигруп ҳузури бештаре дар Русия ва Украина дорад.
  • Ба навиштаи Бломберг, асари таҳримҳои Вашингтон зидди Маскав мумкин аст дигар муассисоти молиро низ мутассир созад. Ширкати муштаракот низ эълом кард, ки аз наздик таҳавуллоти Аврупоӣ шарқиро зери назар дорад.

Дар ҳоле, ки Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико таҳдид кард, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, таҳримҳои вайронгареро зидди Русия эъмол мекунад, бархе аз ширкатҳои бузурги гуруҳҳои тиҷоратии Кохи Сафед ва қонунгузоронро таҳти фишор қарор доданд, ки эҳтиёт кунанд.