Таҳлил: Эътирозоти мардуми ба оддисозии равобити Туркия бо Исроил
Ба рағми ҳамаи талошҳои бевақфа ва мудовими давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон раисиҷумҳури Туркия ба манзури аз саргирии равобит бо режими нажодпарасти Исроил ,мардуми ин кишвари мусалмон ҳамчунон мухолифати худро бо сиёсатҳои нодурثсти давлати Анкара иброз медоранд.
Талоши мақомоти давлати Анкара ба вижа шахси раисиҷумҳурии Туркия ба манзури аз саргирии робита бо режими нажодпарасти Исроил дар шароите аст,ки мақомҳои давлатии Ардуғон таҷрубаҳои бисёр зиёде дар заминаи робита бо Исроил дорад. Дар айни ҳол ,бисёре аз сиёсатмадорони диндор ва исломгарои Туркия пеш аз ин ба шаклҳои мухталиф ба ифшои талошҳои норавои режими саҳюнистӣ дар сатҳи минтақа иқдом кардаанд.
Танҳо ба унвони як намуна метавон ба изҳороти сиёсатмадори даргузаштаи Туркия марҳум Наҷмиддин Арбакон нахуствазири пешин ва танҳо нахуствазири исломгарои ин кишвар пас аз таъсиси ҷумҳурии Туркия дар соли 1923 милодӣ то оғози қарни бисту якуми милодӣ ишора кард. Ин сиёсатмадори воқеъбин ва нукта санҷи Туркия дар соли 1992 милодӣ ва замоне,ки аз таъсиси давлати Курд сухане дар миён набуд, гуфта буд: Амрико ва Исроил мехоҳад як минтақаи худмухтор дар манотиқи Курднишини шимолии Ироқ эҷод кунанд,ки комилан мутиъи онҳо бошад.
Солҳо бад ифшогари Наҷмиддин Арбакон ба таҳқиқ пайваст ва талошҳои давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ва ҳамчунин талошҳои Исроил барои таъсиси як давлати Курд дар шимолӣ Ироқ натиҷа додааст.
Дар ҳамин замина " Исроил Шоҳок" аз нависандагони саҳюнист ва соҳибназар дар умури сиёси, дар китоби худ мақсадҳо ва ниятҳои воқеъии Исроилро ошкор сохт. Вай пиромуни усул ва абзори сиёсати хориҷии Исроил ба ифшои ҳақоиқе эътироф кардааст. Аз ҷумла Исроил Шоҳок нависандаи саҳюнистӣ гуфтааст: Ҳадафи аслӣ аз сиёсатҳои минтақаии Исроил сарфан касби султагарӣ дар ғарбӣ Осиё ва султа ба кишварҳои ин минтақа алалхусус давлатҳои мусалмон ва талош ба манзури нобуди ё беасар кардани онҳо аст.
Ба ҳар ҳол ,чунин ба назар мерасад,ки раисиҷумҳурии Туркия аз таҷрубаҳои сиёсатмадорон пеш аз худ дарс намегирад ва ҳамчунон ба роҳе меравад,ки пештар раҳбарони аҳзоби мухталифи мақомҳои давлати Анкараро аз ин масир наҳи кардааст.
Бо идомаи бе таваҷҷуҳиҳои давлати Ардуғон ба сиёсатмадорони аҳзоби мухталиф, мардуми Туркия бори дигар ба хиёбонҳо омаданд ва ба сиёсатҳои давлати Анкара дар заминаи аз саргирии робитаи Исроил эътироз карданд. Дар ин росто мардуми шаҳрҳои Истамбул ва Анкара бо баргузории таҷамуъ бори дигар ба ҳар гуна оддисозии равобити Туркия бо режими саҳюнисти эътироз карданд.
Мардуми пойтахт бо таҷамуъ дар муқобили иқоматгоҳи сафири режими саҳюнисти дар Анкара бо дар даст доштани плакатҳое ба режими Исроил лақаби кӯдаккуш дода ва эълом карданд "қотилони кӯдакро дар кишварамон намехоҳем".
Таҷамуъ кунандагон ҳамчунон бо сардодани шиъорҳои зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнисти эътирози худро ба аз саргии робита бо Исроил иброз доштанд.
Дар ин таҷамуъи пуршӯр ва худҷӯши мардуми бархе аз ҷавонони Туркия дар қолаби анҷумани ҷавонон Онотули таъкид карданд: То нобудии комили режими саҳюнисти саҳнаи мубориза бо ин режими ишғолгарро холӣ нахоҳем кард.
Пеш аз ин режими нажодпарасти Исроил як киштии кумак расон ва имдодии Туркияро ,ки ба манзури кумак ба мардуми ғайри низомии Фаластин ба Ғазза эъзом шуда буд, ба хоку хун кашида буданд.
Раҷаб Тайиб Ардуғон раисиҷумҳурии Туркия ахиран дар ростои талошҳояш ба манзури азсаргирии робита бо режими саҳюнисти мудаъи шудааст: Робитаи Туркия ва Исроил барои амният ва суботи минтақаи ҳаёти аст ва робитаҳои Анкара бо яҳудиён ва Исроил қавӣ ва пойдор хоҳад монд.
Изҳороти ахири Ардуғон ин ҳақиқатро исбот мекунад,ки мақомоти Туркия ҳамвора талош кардаан дар ростои манофеъи ҳизбӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аз мардуми бе дифоъи Фаластин ҳимоят кунанд.
Дар ҳамин росто, чунин ба назар мерасад дар шароите,ки Туркия бо буҳронҳои иқтисодӣ ва пулӣ ва молии шаддид мувоҷеҳ шудааст, давлати Ардуғон талош мекунад аз мавқеъияти режими Исроил дар ҷиҳати манофеъи Туркия баҳрабардори кунад. Дар як ҷамъбандии кулли бояд гуфт: Баргузории тазоҳуроти зидди Исроилии мардуми Туркия он ҳам дар шароите ,ки мақомоти давлати Анкара дар ростои ҳаллӣ ихтилофҳо бо кишварҳои ҳошияии баҳри Миёназамин ба оддисозии равобит бо режими нажодпарасти Исроил рӯй овардаанд. Ин иқдом нишон медиҳад,ки тазоҳуроти мардуми Туркия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ҳаракти худҷӯш бо ҳадафӣ гирифтани ҳаққи мардуми Фаластин будааст.
Бештар бихонед:
-
Оддисозии робитаҳо бо режими саҳюнистӣ ; фоҷеае барои кишварҳои арабӣ
-
Тазоҳуроти мардуми Урдун дар эътироз ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ