Аз се ду ҳиссаи русҳо аз идомаи риёсатҷумҳурии Путин ҳимоят мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i8080-Аз_се_ду_ҳиссаи_русҳо_аз_идомаи_риёсатҷумҳурии_Путин_ҳимоят_мекунанд
Назарсанҷии тозае, ки дар Русия анҷом шуда, аз ҳимояти аксари мардуми ин кишвар аз идомаи риёсатҷумҳурии Путин ҳикоят мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 17, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Аз се ду ҳиссаи русҳо аз идомаи риёсатҷумҳурии Путин ҳимоят мекунанд

Назарсанҷии тозае, ки дар Русия анҷом шуда, аз ҳимояти аксари мардуми ин кишвар аз идомаи риёсатҷумҳурии Путин ҳикоят мекунад.

Ба гузориши «Russia Today”, назарсанҷие, ки ахиран, аз сӯйи Муассисаи таҳқиқотии "Левада” анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки аз се ду ҳиссаи русҳо ҳамчунон хоҳони мондани Владимир Путин, раисҷумҳури кунунии Русия дар қудрат баъд аз интихоботи соли 2018 аст. Бар асоси ин гузориш, 63 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки аз идомаи риёсатҷумҳурии путин ҳимоят мекунанд; 18 дарсад бо ин амр мухолифат ва 19 дарсад низ аз посухгӯӣ худдорӣ кардаанд.

Муассисаи “Левада” дар авохири моҳи майи имсол низ оморе аз эътимоди умуми мардуми Русия ба мақомҳои ин кишвар мунташир карда буд. Дар ин омор путин бо касби 80 дарсади оро дар раддаи аввал қарор дошт. Баъд аз Путин Сергии Шойгу, вазири дифоъ ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.