Улянов: Нишасте созанда бо музокиракунандаи аршади Эрон доштам
(last modified Mon, 14 Feb 2022 05:43:07 GMT )
Феврал 14, 2022 10:43 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Нишасте созанда бо музокиракунандаи аршади Эрон доштам

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена аз дидор бо намояндаи Эрон, Амрико ва дигар тарафҳои БарҶом хабар дод.

Михаил Улянов дар сафҳаи расмии Твиттери худ навишт: “Машваратҳои бисёр фишурда дар масири гуфтугӯҳои Вена дар бораи БарҶом якшанбе низ идома ёфт”.

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена навишт: “Ман ба сурати вижа нишасте созанда бо доктор Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар бораи масоили муҳими боқимонда доштам”.

Улянов ҳамчунин аз баргузории ду нишасти муҷаззо бо тройкаи Аврупо (намояндагони Британия, Фаронса ва Олмон) ва Роберт Моли, намояндаи Амрико дар умури Эрон ва гуфтугӯ дар бораи БарҶом хабар дод.

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена (шанбе) низ дидорҳое бо намояндаи Эрон, Амрико ва дигар тарафҳои БарҶом дар Вена дошт ва эълом кард, ки дар бораи роҳҳои пеширӯ дар масири тавофуқи ҳастаии Эрон дар музокироти Вена суҳбат кардем.

Ҷумҳурихоҳони Амрико ба сароҳат эълом кардаанд, ки бо лағви таҳримҳои иқтисодии эъмолшудаи алайҳи Эрон мухолиф буда ва дар ҳоли монеътарошӣ бар масири музокирот ҳастанд.