Феврал 16, 2022 19:53 Asia/Dushanbe

Иттиҳодияи донишҷуёни Эрон дар баёнияе бар ҳимоят аз ҳифзи ҳиҷоби духтари Ҳиндӣ ва ҳузури озодихоҳон ва донишҷуён дар пуйиши Аллоҳу Акбар таъкид карданд.

Ба гузорши радиои тоҷикии Садои Хуросон, духтари донишҷуе бо ҳиҷоб дар шаҳри Удупӣ иёлати Корнотоко дар ҷануби Ҳинд дар муқобили даҳҳо ҳиндуи ифротӣ аз ҳиҷоби худ дифоъ кард.

Давлати иёлати Корнотоко, ки дар дасти ҳизби ҳиндуҳои ифротӣ аст вуруди донишомӯзон ва донишҷуёни мусалмони бо ҳиҷоби исломӣ дар марокизи омӯзишӣ дар ин иёлатҳро аз чанд ҳафтаи пеш мамнуъ кард.

Мамнуъ шудани ҳиҷоб барои духтарони мусалмон мухолифати ошкор бо қонуни асосии Ҳиндустон аст.

Иттиҳодияҳои бузурги донишҷуӣ Эрон дар баёнияе эълом карданд, дар ҳоле, ки Эрониён дар рӯзҳои ахир дар солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, рӯзи растан аз чанги аҳриман ва расидан ба озодиро ҷашн мегиранд духтарони мусалмони ҳиҷобдори ҳиндӣ барои ибтидоитарин ҳуқуқи худ ҳар рӯз меҷанганд.

Дар ин баёния меафзояд, озодагӣ, муқовимат, истодагӣ бар арзишҳо, шуҷоъат ва Худобовариро метавон дар ҷараёни ин ҳаракат мушҳида кард, салобати садои Аллоҳу Акбари бонувони ҳиндӣ дар эътироз ба мамнуъияти вуруди занони ҳиҷобдор ба марказҳои омӯзишӣ аз донишгоҳ ва мадорис боис шуда аст, ки мусалмонони ҷаҳон фориғ аз миллият, нависондани ҳаштаги Аллоҳу Акбар "Allahuakbar" ба ҳимоят аз ӯ ба по хезанд, шуҷоъати ӯ дар эътироз ба ин тундравии ҳокимият ба истилоҳ демократ дар зиддият бо ислом, ин бонуи озодаро табдил ба намоди озодагӣ ва озодихоҳӣ дар ҷаҳони ислом карда аст.

Иттиҳодияи бузурги донишҷуӣ эрон дар ин баёния зимни маҳкум кардани ин иқдоми хасмона, вокуниши ба мавқеъ аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва ҳимоят аз ҳаракати эътирозии занони муътаризи ҳиндиро хостор шуд.

 

Барчасп