Феврал 18, 2022 16:51 Asia/Dushanbe
  • Амрико бори дигар муддаии ҳамлаи Русия ба Украина шуд

Вазири умури хориҷаи Амрико дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал муддаӣ шуд, афзоиши неруҳои Русия баёнгари ҳамла ба Украина дар рӯзҳои оянда аст.

Даври ҷадиде аз танишҳои Русия бо Ғарб аз миёнаи моҳи декабри 2021 ва ҳамзамон бо густариши неруҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ( НАТО) ва Амрико дар шарқи Аврупо, ба вижа Украина оғоз шудааст.

Маскав борҳо эълом кардааст, қасде барои ҳамлаи низомӣ ба Украина надорад ва дар садади дарёфт тазминҳои амниятӣ аст, ки монеъ аз тавсеаи эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрико (НАТО) мешавад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Кохи Сафед иддао кард: Эҳсоси ман мегӯяд, Русия дар чанд рӯзи оянда ба Украина ҳамла хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия рӯзи сешанбе (15 феврал) эълом карда буд, ки шуморе аз нерӯҳояш ҳамзамон бо поён ёфтани размоиш аз марз бо Украина ба пойгоҳҳо бозмегарданд.

 

Барчасп