Феврал 19, 2022 20:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши роҳбурдии боздорандаи Русия

Ба дастури раиси Ҷумҳурии Русия, размоиши роҳбурдии боздорандаи Русия бо ширкати қувваҳои ҳастаии ин кишвар оғоз шуд

Размоиши роҳбурдии боздорандаи Русия аз пеш ва барои санҷиши омодагии размӣ воҳиди низомии Русия барномарезӣ шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари матбуъоти Кохи Кремл дар баёнияе эълом кард, воҳидҳои ҳавзаи низомии ҷануби Русия, нерӯи мушакҳои роҳбурдии Русия ва новгони ин кишвар дар дарёи сиёҳ ва новҳои новгони шимол дар ин размоиши якрӯза ширкат доранд.

Дар ин размоиш нерӯҳои ҳаво-фазои Русия чанд мушаки болдор аз навъи Кинжал партоб кард.

Новҳои новгони шимол ва новгони дарёи сиёҳ ҳам чандин мушаки болдори колибр ва мушакҳои суръати парвозаш болотар аз  суръати садо Сиркон ба аҳдофи заминӣ партоб карданд.

Дар пойгоҳи низомӣ Капустиняр дар шаҳри Астрахан дар соҳили дарёӣ Хазар ҳам мушакҳои тактикии Искандар партоб шуд.

Вазорати дифоъи Русия пештар эълом карда буд, ин размоиш моҳияти дифоъӣ дорад ва дар он нерӯҳои ҳастаии сегонаи Русия ширкат мекунанд ва мушакҳои қорапаймо ва болостик ва мушакҳои Куруз партоб мешавад.

 

Барчасп