Феврал 20, 2022 21:13 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои русӣ: Украина беш аз 800 бор манотиқи Донбассро гулулаборон кард

Шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия дар гузорише аз ҷумҳуриҳои худмухтори Донбасс ва Луганск эълом кард, ки нерӯҳои украинӣ дар 24 соати гузашта беш аз 800 боз ба манотиқи Донбасс ҳамла карданд.

Вазъият дар шарқи Украина дар рӯзҳои ахир бӯҳронӣ шуда аст, дар чанд рӯзи ахир ҷудоиталабон дар шарқи Украина артиши ин кишварро ба анҷоми ҳамалоти тупхонаӣ ва хумпораӣ ба манотиқи Донбасс ва Луганск мутаҳам карданд. Ин иттиҳомот ҳамчунин ба сурати мутақобил аз сӯи давлати Украина ба неруҳои ҷудоиталаб ворид шуда аст.

  • Манотиқи Донбасс ва Луганск дар шарқи Украина, руснишин ҳастанд. Ин 2 минтақа дар соли 2014 дар пайи табаддулоти ғарбгароён зидди давлати вақт, худмухтории худро аз давлати марказии Украина эълом карданд.
  • Русия пеш аз ин эълом карда буд, артиши Украина дар садади ҳамлаи густарда ба ин манотиқ ва ба истилоҳ яксара кардани кори ҷудоиталабон аст. Дар муқобил  давлати ғарбгарои Украина ин масъаларо инкор карда ва Русияро ба баҳонаҷуӣ ба манзури мудохилаи низомӣ дар шарқи Украина муттаҳам мекунад. Ҳамин амр сабаби афзоиши танишҳо миёни Русия ва ғарб шуда аст.

Ба гузориши ИРНА, шабакаи дуввуми телевизионии давлатии Русия рӯзи якшанбе ба нақл аз хабарнигорони худ эълом кард: Нерӯҳои украинӣ бо истифода аз хумпора ва тупхона илова бар ҳадаф қарор додани мавозеъи ниманизомӣ дар Донбасс ва Луганск аз муҳимоти манъшуда дар тавофуқномаи Минск, зидди манотиқи истиқоматӣ истифода мекунад.

  • Бар асоси ин гузориш, дар Донбасс се минтақаи истиқоматӣ дар шабонарӯзи ахир ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои украинӣ қарор гирифт ва ба сӯи онҳо хумпораҳои 120 милиметрӣ партоб шуд.

Дар ин гузориш гуфта аст: Беш аз 10 гулӯлаи хумпора ва туп ба корхонаи маводи кимёи Донбасс исобат карда ва осебҳои зиёде ба ин маркази саноатӣ ворид карда аст.

  • Хабаргузории Тасс ҳам дар гузорише аз минтақаи Донбасс эълом кард, ки бомдоди имрӯз, дар маҷмӯъ, 30 гулӯлаи хумпора ба сӯи манотиқи Дакучаевский, Спартак ва Донбасс партоб шуд.
  • Ба гузориши РИА Новости, бисёре аз сокинони минтақаи Донбасс ё хонаҳои худро тарк карда ва равонаи манотиқи амнтар, махсусан, Русия шуданд ва касоне ҳам, ки қодир ба тарки минтақа нестанд дар зерзаминҳо, дар шароити сахт паноҳ гирифтанд.
  • Русия пеш аз ин эълом карда буд артиши Украина дар пайи ҳамлаи густарда ба ин манотиқ ва ба истилоҳ яксара кардани кори ҷудоиталабон аст. Дар муқобил, давлати ғарбгарои Украина ин масъаларо инкор карда ва Русияро ба баҳонаҳои ҷудоӣ ба манзури мудохилаи низомӣ дар шарқи Украина муттаҳам мекунад. Ҳамин амр сабаби афзоиши танишҳо миёни Русия ва ғарб шуда аст.
  • Ба бовари нозирон, Амрико бузургтарин масӯли даргир байни Русия ва Украин аст.

Александр Класкун бунёнгузори муассисаи Глобал Политикал Инсайд як андешкадаи мустақар дар Британия дар ин бора гуфт: Кашондани Русия ба даргирӣ ба нафъи Амрико хоҳад буд, зеро ин амр ба Вашингтон имкон медиҳад, таҳримҳои бештарро зидди Русия эъмол ва ин кишварро дар чашми ҷомеъаи байналмиллалӣ танҳо гузорад.

 

Барчасп