Феврал 22, 2022 14:23 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҷопон барои ҳамроҳӣ бо Амрико дар эъмоли таҳрим алайҳи Русия

Ҷопон эълом кард, дар сурати ҳамлаи низомии Русия ба Украина ҳамроҳ бо Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш таҳримҳои густардае алайҳи Маскав эъмол хоҳад кард.

Кохи Сафед ҳам эълом карда, дар вокуниш ба иқдоми ахири Русия дар ҳамла ба Украина таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Маскав эъмол хоҳад кард.

Ҷопони пештар дар соли 2014 ва дар пайи илҳоқи шибҳи ҷазираи Қрим ба Русия, таҳримҳоеро алайҳи Маскав эъмол карда буд, ки мамнуияти содироти бархе қатаъоти фаннӣ ва калидӣ ва маҳдӯд кардани ҳамкорӣ бо бонкҳои Русия бахше аз он буд.

Дар ҳоле, ки буҳрон дар шарқи Аврупо дар соатҳои гузашта авҷ гирифта ва Русия дастури вуруди артиши ин кишвар ба бахшҳое аз Украинаро содир кард, Ҷопон аз омодагии худ барои ҳамроҳӣ бо Амрико ба манзури эъмоли таҳримҳои сангин алайҳи Русия хабар дод.

Фумио Кисида, нахуствазири Ҷопон вуруди Русия дар муқобили Украинаро нақзи қавонини байналмилалӣ донист.

Нахуствазири ин кишвар пештар дар ҷараёни як видеоконфронс бо Ҷо Байден эълом кард, дар сурати ҳамлаи Русия ба Украин, Ҷопон барои муқобила бо он бо Амрико ҳамкорӣ хоҳад кард.

Русия борҳои хостори музокираи давлати Украина бо намояндагони минтақаи Донбасс дар шарқи Украина барои дастёбӣ ба тавофуқ ва ҳалу фасли ихтилофот шудааст, аммо Киев, Маскавро ба ҳимоят ва ташвиқи ҷудоталабон муттаҳам ва музокира бо намояндагони ин манотиқро рад мекунад.

Бештар бихонед:

Барчасп