Вахомати вазъи ҷисмонии шайх Закзокӣ - раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия
(last modified Tue, 26 Jul 2016 08:31:10 GMT )
Июл 26, 2016 13:31 Asia/Dushanbe
  • Вахомати вазъи ҷисмонии шайх Закзокӣ - раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия

Шайх Закзокӣ, ки ҳафт моҳи пеш дар пайи юриши артиши Нигерия ба хонааш ва низ масҷиди шаҳри Зориё, дар шимоли Нигерия боздошт ва ба шиддат маҷрӯҳ шуд, авзои ҷисмонии муносибе надорад ва аз ироаи хадамоти пизишкӣ ба ӯ ҷилавгирӣ мешавад.

Духтари шайх Иброҳими Закзокӣ, раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия аз вахомати вазъи ҷисмонии ин рӯҳонии барҷастаи нигерияӣ хабар дод.

Шайх Закзокӣ ҳафт моҳи пеш дар пайи юриши артиши Нигерия ба хонааш ва низ масҷиди шаҳри Зориё, дар шимоли Нигерия боздошт шуд.

Низомиён вайро ба шиддат маҷрӯҳ карданд ва 347 нафар аз пайравони ӯ, аз ҷумла се писарашро куштанд.

Суҳайло Закзокӣ, духтари шайх Иброҳим, ки муддати кӯтоҳеро ҳамроҳи падараш дар боздошт буда, дар мусоҳиба бо "Пресс ТВ" гуфт, ки падараш дар ин ҳамла як чашми худро аз даст дода ва мумкин аст чашми дигари худро низ бар асари ҷароҳоти ворида дар замони боздошт аз даст бидиҳад.

Ҷунбиши исломии Нигерия муътақид аст, мамониат аз ироаи хадамоти пизишкӣ ба шайх Закзокӣ ниҳояти беадолатӣ аст, зеро вай машмули ҳеч иттиҳом ё маҳкумияте қарор нагирифтааст.

Ба гуфтаи ин ҷумбиш, мухолифат бо ироаи муроқибатҳои пизишкӣ аз шайх Закзокӣ нишонаи ангезаҳои пинҳони давлати Нигерия аст.