Феврал 23, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Амрико чанд бонк ва хатҳои киштиронии Русияро таҳрим кард

Вазорати хазонадории Амрико таҳримҳоеро зидди бонкҳои русӣ ва ширкаттҳои молии тобеи он дар Русия эълом кард.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки таҳримҳои Амрико зидди бонкҳои "Промсвязбанк" ба ҳамроҳи 17 ширкати пайрави он, аз ҷумла ширкатҳои молӣ ва фанноварӣ хоҳад буд.

  • Дар иттилоияи Вазорати хазонадории Амрико гуфта шуд, ки "Промсвязбанк"  ба далели фаъолият дар бахшҳои дифоӣ ва хадамоти молии муртабит дар иқтисоди Русия таҳрим шудааст, илова бар "Промсвязбанк"  ҳамчунин дороиҳои 17 ширкати пайрави он низ масдуд шуд, ки ҳамагӣ дар Русия воқеъ шуданд ва шомили ширкатҳои мехталиферо аз ҷумла ниҳодҳои молӣ, фаннӣ ва муртабит бо амлок ва мустаъзилот мебошанд.
  • Ҳамчунин таҳримҳои Амрико дар бахши бонкӣ ба ғайр аз "Промсвязбанк" муассисаи тавсеаи Русия VEB  ва 25 ширкати пайрави он дар Русия, Беларусия, Украина ва ҳамчунин Гонконгро низ шомил мешавад.
  • Ин феҳрасти таҳримҳо яке аз шадидтарин таҳримҳое аст ки то кунун Амрико зидди Русия эъмол кардааст.

Ҷостен Трюдо, нахуствазири Канада пас аз эъмоли таҳримҳо зидди Русия тавассути Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки Оттава Маскавро таҳримҳои иқтисодӣ кардааст.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ бо эъмоли маҷмуаи таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла маҳдуд кардани дастрасӣ  ба сармоя ва бозори молӣ ва мамнуияти дастрасии Русия ба бархе хадамоти Иттиҳоди Аврупо раъйи мусбат доданд.