Феврал 24, 2022 19:58 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Амалиёти низомии Русия дар Украина; далелҳо ва паёмадҳо

Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия бомдоди панҷшанбе дар як суханронии телевизионӣ эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар дар минтақаи Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом хоҳанд дод. Путин билофосила пас аз эъломи ин амалиёти низомӣ, хостори тавақуфи низомисозоии Украина шуд ва аз низомиёни украинӣ хост силоҳҳои худро замин бигузоранд.

Путин дар ростои тавҷеҳи қонуни будани амалиёти низомии Русия гуфт: Тибқи модаи 51 маншури Созмони Миллали Муттаҳид бо таъйиди Шӯрои Русия ва дар иҷрои муоҳидоти дустӣ ва кумаки мутақобил ба Донеск ва Луганск, тасмим ба анҷоми як амалиёти низомии вижа гирифтаам.

Вай афзуд: Масъулияти ҳар хунрезии эҳтимолӣ бар уҳдаи режими ҳокими Украина хоҳад буд.

Таъйиди ҳадаф қарор гирифтани марказҳои низомии Украина

Ҳамонгунае, ки интизор мерафт пас аз расмият шинохтани Донеск ва Луганск дар рӯзи душанбе аз сӯи Русия ва дархости кумаки русҳои ин минтақа аз Путин, Русия саранҷом амалиёти низомии густардаеро аз рӯзи панҷшанбе 24 феврал дар нуқоти мухталифи Украина бо бомбаборони пойгоҳҳои низомӣ ва анборҳои муҳимот оғоз кард.

Дар ин росто пешравии нерӯҳои Русия дар нуқоти мухталифи Украина, аз ҷумла Донбасс оғоз шудааст ва давлати Киев хабар аз тасаруфи ду шаҳр дар Луганск  ва ҳато бархе хабарҳо ҳокӣ аз вуруди неруҳои заминии Русия ба шаҳрҳои бандарии Морюпол ва Одесса дар савоҳили Дарёи Сиёҳ ҳастанд.

Ба ин тартиб пас аз ҳушдорҳои мутаадиди мақомоти Русия ба  Украина ва бе эътимодии Киев ба ин ҳушдорҳо акнун Маскав дар мақоми амал баромада аст, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико пас аз суханронии Путин бо интишори баёнияе Русияро масъули ин ҷанг дар Украина ва талафоти фоҷепабори он донист дар ҳоле, ки Вашингтон нақши мустақими худ дар ошкор шудани вазъияти фоҷеабори кунуниро амдан нодида мегирад.

Метавон гуфт, ки амалиёти низомии Русия дар Украина сароғози давраи ҷадид дар арсаи байналмиллалӣ хоҳад буд.

Бурҳониддинӣ Даврон, таҳлилгари турк мегӯяд: Ба назар мерасад, бисёре аз ихтилофҳо миёни блокҳои шарқӣ ва ғарбӣ дар бунбаст монада ва амалан роҳи ҳал надоранд, аз ин рӯ, меъмории амнияти ҷаҳонӣ ба зуди дастхуши тағйир хоҳад шуд.

То қабл аз ин Русия ва Ғарб ба вижа Русия бо НАТО ва Амрико қолаби тақобули сиёсӣ ва дипломатӣ ва низ ҷанги расонаӣ ва таблиғотӣ буд. Маскав борҳо ба НАТО дар бораи густариш ба сӯи Шарқ ва талош барои истиқрори нерӯҳо ва пойгоҳҳои худ дар ҷавори марзҳои Русия ҳушдор дод ва ин иқдомотро таҳдиди мустақими амнияти миллии Русия эълом карда буд.

Бо ин ҳол НАТО ба саркардагии Амрико бедуни эътино ба хостаҳои Русия ҳамчунон бар тадовуми ин руйкард ба вижа бо исрор бар узвияти Украина дар ин созмони низомӣ таъкид кардааст.

Масъалаи муҳими дигар инки сарони ғарбгарои Украина низ бавижа пас аз таҳавулоти сиёсии соли 2014 ва барканории Виктор Янукович, раисиҷумҳурии русгарои ин кишвар талоши худро дар давраи раёсати ҷумҳурии Петро Порошенко ва акнун дар давраи замомдории Владимир Зеленски барои узвият дар НАТО дучандон карданд.

Порошенко дар феврали соли 2019 пас аз тасвиби Парлумони Украина мабни бар гунҷондани лузуми узвияти Украина дар НАТО ва иттиҳодия дар қонуни асосии ин кишвар, ин мусавабаро имзо кард, давлати Украина низ ба ҷои таваҷҷуҳ ба нигарониҳои Маскав бар ин тасавур буд, ки метавонад бо ҳимояти НАТО ва Амрико дар муқобили Русия истодагӣ кунад. Дар ҳоле, ки таҷрубаҳои қаблӣ монанди ҷанги Гурҷистон дар соли 2008 нишон дод, ки Русия дар заминаи амнияти миллии худ дар муқобила бо тавтеаҳои Ғарб ва НАТО қотеъона амал мекунад.

Акнун низ Путин ҳушдор дод, ки дар муқобили ҳар дахолати хориҷӣ дар амалиёти низомии Русия дар Украина ба шиддат вокуниш нишон хоҳад дод. Дар воқеъ давлати Киев имрӯз бо натоиҷи иқдомоти худ дар исрор барои ҳамгароӣ бо Ғарб ва рафтори хасмона бо Русия бо кашондани пои НАТО ба Украина рӯ ба рӯ шудааст, ба ин тартиб Украина нафақат ба азми худ бо талош барои узвият дар НАТО амнияти бештаре пайдо накард, балки акнун дар маърази ҷанги вайронгар ва таҷзияи сарзамин қарор гирифтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп