Феврал 25, 2022 21:18 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, беш аз 118 мавзеи низомии Неруҳои мусаллаҳи Украина аз байн бурда шуд, ки аз он ҷумла 13 маркази иртиботот ва 14 сомонаи зиддиҳавоӣ аст.

Ба гузориши бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз телевизиони “Русия алявм”, сухангӯи Вазорати дифои Русия аз хисороти ворида ба неруҳои украинӣ ва идомаи амалиёти неруҳои Донетск ва Луганск бо пуштибонии неруҳои Русия хабар доду афзуд, афроде ки худро таслим кардаанд, пас аз поёни амалиёт ба хонаводаҳои худ бозгардонда мешаванд.

Игор  Конашенков дар конфронси хабарӣ гуфт, амалиёти вижа идома хоҳад ёфт ва неруҳои ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганс низ таҳти ҳимояти неруҳои Русия, ба ҳамалоти худ алайҳи неруҳои украинӣ идома медиҳанд.

Вай афзуд, неруҳо дар меҳварҳои мухталиф пешравиҳое доштаанд, ҳарчанд бо муқовиматҳое ҳам рӯ ба рӯ шуданд.

 

Барчасп