Ноябр 20, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ба оташ кашидани парчами Исроил дар Ҳинд

Ҳазорон нафар аз мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо баргузории тазоҳуроте, ҷинояти режими саҳюнистӣ ва ҳомёнаш дар наслкушии мусулмонони фаластиниро маҳкум карданд.

Ба гузориши шабакаи радио ва телевизиони урдуи “Саҳар”, ширкаткунандагон дар тазоҳуроти дирӯз бо додани шиорҳои “Марг бар Исроил” ва “Зинда бод Фаластин”, парчам Исроилро ба оташ кашиданд.

Муътаризон бо ибрози хашму танаффур аз идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар қатли оми мардуми мазлуми Фаластин, хостори хуруҷи ҳарчӣ зудтари Рейвен Ривлин, раиси режими саҳюнистӣ аз Ҳинд шуданд.

 Раиси муассисаи Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Коргил дар ҷамъи тазоҳуркунандагон гуфт, мусулмонони Кашмир ҳамвора аз мазлумони фаластинӣ ҳимоят мекунанд.

Мавлоно шайх Муҳаммадҳусайни Лутфӣ аз давлати Ҳинд хост, колоҳои исроилиро таҳрим кунад.

 Пеш аз ин ҳам уламо ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Ҳинд ба сафари раиси режими саҳюнистӣ ба ин кишвар эътироз карда буданд.

 Мавлоно Маҳмуди Маданӣ, рӯҳонии аҳли суннати Ҳинд ҳам таъкид кард, ки давлати Деҳлии нав набояд бо ҷинояткорон, ки дасташон ба хуни мусулмонон, аз ҷумла кӯдакон олуда аст, иртибот барқарор кунад.

 

Барчасп