Ноябр 20, 2016 20:43 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Туркия барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай

Раиси ҷумҳурии Туркия аз тамоюли ин кишвар барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе бо ишора ба анҷоми гуфтугӯ миёни мақомоти Туркия ва Русия барои пайвастани Анкара ба Созмони ҳамкории Шанхай гуфт, Маскав ваъда додааст, ин мавзӯро ба таври комил баррасӣ кунад.

 Эрдуғон бо ишора ба адами пешрафт дар парвандаи узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо, аз бадқавлӣ ва амал накардани ин иттиҳодия ба тааҳҳудоти худ дар қиболи Анкара, ба шиддат интиқод кард.

 Бар асоси ин гузориш, равобити Туркия бо Иттиҳодияи Аврупо дар пайи кудатои нофарҷоми 15-уми июли ин кишвар ва афзоиши фишорҳои давлати Анкара бар мухолифон, асҳоби расона ва курдҳои Туркия рӯ ба вахомат гузоштааст.

 Узвияти Туркия дар Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони кишваре, ки узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) аст, душвор ба назар мерасад.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15-уми июни соли 2001-и мелодӣ дар Шанхайи Чин тавассути Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.

 

Барчасп