Ҳимояти ҳашт узви Иттиҳоди Аврупо аз пайвастани Украина ба ин иттиҳодия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i82042-Ҳимояти_ҳашт_узви_Иттиҳоди_Аврупо_аз_пайвастани_Украина_ба_ин_иттиҳодия
Ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, тасреъи раванди узвияти Украина дар ин иттиҳодияро хостор шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 01, 2022 15:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти ҳашт узви Иттиҳоди Аврупо аз пайвастани Украина ба ин иттиҳодия

Ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, тасреъи раванди узвияти Украина дар ин иттиҳодияро хостор шуданд.

Ба гузориши Форс, сарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо интишори як баёнияи муштарак зимни эъломи ҳимояташон аз узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо, аз ин иттиҳодия хостанд «фавран» ба Украина вазъияти «номзад» эъто ва музокирот барои узвияти ин кишвар дар Иттиҳод Аврупо оғоз шавад.

Тибқи ин гузориш, ба дунболи дархости Украина барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо, сарони Эстония, Булғористон, Ҷумҳурии Чехия, Латвия, Литва, Полша, Словакия ва Словения ҳимояти худашонро аз ин дархост эълом карданд.

Дар ин баёния омадааст: Мо қавиян эътиқод дорем, ки Украина шоистаи дарёфт фароянди фаврии пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст.

Дар ҳоле, ки танишҳо байни Киев ва Маскав ба дунболи амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина рӯзи душанбе дархости расмии пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупоро имзо кард.

Бештар бихонед: