Март 01, 2022 16:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи Русия дар Созмони Миллал бар халъи силоҳи Украина
    Таъкиди намояндаи Русия дар Созмони Миллал бар халъи силоҳи Украина

Намояндаи Русия дар Созмони Миллал таъкид кард, лозим аст Украина халъи силоҳ ва аз фашизм пок шавад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "IPTV"  Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Миллал дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Миллал эълом кард: Ҳадаф аз амалиёти вижаи Русия, ҳифозат аз мардуме аст, ки ба муддати ҳашт сол ҳадафи наслкушии режими Киев буданд.

Небензя таъкид кард: Лозим аст Украина халъи силоҳ ва аз фашизм пок шавад.

Намояндаи Русия дар идомаи суханонаш гуфт: Решаи буҳрони кунунӣ барои солҳо ба харобкори ва амал накардани Украина ба тааҳудоташ дар паймони Минск марбут мешавад.

Ин мақоми русӣ афзуд: Замоне, ки иқдомоти Украина зидди Донбасс дар моҳи феврал мутавақиф нашуд мақомоти онҷо аз мо дархости кумакҳои низомӣ бар асоси мувофиқатномаҳои ҳамкори карданд.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия бомдоди панҷшанбе 24 феврал дар як суханронии телевизиони миллии ин кишвар аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод.

Ин рӯзҳо ба далели ҳимоят аз рустаборҳои шарқи Украина ва низ ба расмият шинохтани истиқлоли манотиқи Данетск ва Луганск аз ин кишвар, ҳадафи таҳримҳои шадиди Амрико ва мутаҳидонаш қарор гирифта аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп